Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ниёзмухаммадов Бобочон Ниёзович

Ниёзмухаммадов Бобочон Ниёзович

Ниёзмухаммадов Бобочон Ниёзович (05. 05. 1906, дехаи Фирузобаи pайони Конибо дом — 25. 10. 1979, Ду­шанбе), забоншиноси советии точик, доктори илмхои филология  (1948), профессори (1952), академияи АФ РСС Точикистон (1951), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Точикистон (1964).

Аз оилаи кафшдуз. Аъзои КПСС аз соли 1931. Иститути муаллимон Тошкентро хатм кардааст (1929). Солхои 1929—1932 дар зодгодаш муаллими кардааст. Пас аз хатми аспирантура (1932—1938)—мудири сектори таъриху забоншиносии Базаи точикистонии АФ СССР (1938—1941), директори Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали точикистонии АФ СССР (1941—1944). Сипас тахсил дар докторантура (1944—1948). Минбаъд чонишини раиси Президиуми Филиали точикистонии АФ СССР (1948—1951), ноиби президенти АФ РСС Точикистон (1951—1953), академик котиби Шуъбаи фанхои чамъиятии АФ РСС Точикистон (1953—1962), мудири сектори забони Институти за­бон ва адабиёти ба номи Рудакии АФ Точикистон (1958—1976). Аз соли 1976 ба нафака баромад. Ниёзмухаммад муаллифи маколаву китобхои бисёрест. Дар маколахои «Шеваи точикони Шахртуз» (1960), «Шеваи точикони Конибодом» (1961) хусусиятхои ин ду шеваи точикиро тахкик карда­аст. Дар тадкикоти у «Синтаксиси чумлахои содда дар забони адабии точик» (1960) воситахои асосии муносибатхои синтаксиси, тарз ва роххои асосии алокаи калимахо, аъзохои чумла ва калимаву иборахои туфайли мавриди таклил карор ёфтааст.

Чанд макола ва китоби Ниёзмухаммадов «Очеркхо оид ба баъзе масъалахои забоншиносии точик» (1961) аз синтаксиси чумлахои мураккаб бахс мекунанд. Ниёзмухаммадов дар бораи забони асархои Носири Хисрав, Ахмади Дониш, С. Айни, М. Турсунзода, А. Дехоти, Ч. Икроми ва дигар низ як силсила маколахо навиштааст. Таълифоти илмии Ниёзмухаммад доир ба масъалахои гуногуни забони точики дар китоби у «Забоншиносии точик» (1970; Мукофоти давлатии ба номи Абуали иб­ни Сино, 1970) фарохам омадаанд. Ниёзмухаммад аз соли 1938 инчониб яке аз муаллифон ва мураттибони китобхои дарси ва программахои таълими барои мактабхои миёна ва oли буд. Хизмати Ниёзмухаммад дар тарбияи забоншиносони точик басо калон аст. Бо се ордени «Нишони Фахри», медалхо мукофотонида шудааст.

Ад.:Русте мов III., Олим ва педа­гог, Д., 1066; Бободжан Ниязович Ниязмуxаммодов, Д., 1966.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …