Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нидо

Нидо

Нидо (ар. — бонг, фарьёд, овоз, хитоб), яке аз хиссахои нутк аст, ки хаячон ва хиссиёти гуногун ва хаячон иродаро ифода мекунад. Масалан: Эй! Вой! Хой! Офарин! ва гайра Нидо аз хиссахои мустакилмаънои путк бо он фарк мекунад, ки вазифаи номинативи надорад, танхо аломату ишораи нутк буда, барои ифодаи таассуроти одам нисбат ба ходисаву вокеоти мухити атроф ва ё барои ифо­даи талаб, нияту хохиш, амру фармон хизмат мекунад; дар вазифаи асосиаш аъзои чумла шуда наметавонад ва аз чихати синтаксиси бо аъзохои чумла алокаи грамматики надорад.

Нидо аз калимахои ёридиханда бо он фарк мекунад, ки муносибати байни калимахои чумларо ифо­да наменамояд ва хамчун воситаи алокаи байни онхо хизмат намекунад. Нидохо аз руи маъно эмотсионали (ифодакунандаи хиссиёту хаячон) ва императиви (ифодакунандаи  изхори ирода), аз руи сохт асли ва муштак мешаванд. Нидохои асли аз як ё ду-се овоз иборатанд, шакли такрор доранд: э, а, о, эх, ох, вой, бай-бай, пах-пах ва гайра Нидохои муштак аз хиссахои мустакили нутк ба вучуд меоянд: Афсус! Диккат! Хомуш! Калимахои даъвати ба хайвонот, паррандагон (ай, чу, бош, киш, ту-ту ва гайра) низ ба гурухи Нидохо дохил мешаванд.

Ад.: Забони адабии хозираи точик. Лексикология, фонетика ва морфологил, К. 1, Д., 1973.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …