Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Незвал Витезслав

Незвал Витезслав

Незвал (Nezwal) Витезслав (26. 5. 4900, Бискоупки, Моравия —6. 4. 1958, Прага), шоири чех, Санъаткори Халкии Чехословакия (1953). Аз соли 1924 аъзои Партияи Коммунистии Чехословакия. Соли 1919—22 дар университетхои Брно ва Прага хукук ва фалса­фро омухтааст. Дар достони «Чодугари хайратовар» (1922), мачмуахои «Пантомима» (1924), «Гулбогчаи садбарг» (1926) охангхои револютсиони садо медиханд. Дар достонхои «Эдисон» (1928) ва « Нидои вакт» (1931) мехнати эчоди васф шудааст. Дар мачмуаи «Билети бозгашт» ва асархои дигари солхои 30 Незвал кишвари азизашро васф мекунад ва бар зидди сохти буржуази, хавфи фашизм эътироз баён карда, ба револютсия умед мебандад.

Дар даврахои истилои гитлери дар Чехословакии Незван мачмуаи ашъори ватанпарваронаи «Панч дакика рох берун аз щахр» (1939), достони хачвии «Пруссакхо» (1939), достони «Манзараи таърихи»-ро (1939) нашр кардааст, Баъд аз соли 1945 дар хаёти чамъияти (аъзои Комичроияи Фронти милли буд) ва мадании Чехословакия иштирок карда­аст. Дар мачмуахои «Соатдои бузурги бурч» (1940), «Болхо» (1952), «Гу­ли гандум ва шахрхо» (1955), дос­тонхои «Суруди сулх” (1950; Меда­ли тиллои Совети Умумичахонии Сулх, 1953), «Дар ситоиши диёри азиз» (1951) рухи одамони даврони мо, драматизми мубориза дар рохи сулх ва сотсиализм тасвир шудаанд. Незвал муаллифи ёддоштхои «Аз хаёти май» (1957—58; иотамом) аст. Вай песахо ва пантомимахо менавишт. Бастакор ва рассоми боистеъдод низ буд.

Адабиёт: Токсина И. В., Витезслав Нез­вал. Биобиблиографиический указатель. Москва, 1967.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …