Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нешзани

Нешзани

Нешзани, нешзанни тухм, рушди тухм, просесси аз холати ороми ба фаъолияти пуршиддати хаёти гузаштани тухм, ки дар натичаи он чунин сабзида, навнихол ташаккул меёбад; мархалаи ибтидоии онтогенези растани мебошад. Нешзани факат хангоми будани микдори кофии нами, оксиген, харорати муайяни гарми ва баъзан режими муайяни руш­ной ба амал меояд. Нешзани бо афзоиши мубодилаи моддахо дар чанин ва эн­досперма тавсиф мешавад. Хангоми ба тухм расидани об он варам карда, ферментхояш фаъол гашта, чараёни таодили моддахои захирави (охар, равган, сафедахо) ва асосан тачзияи онхо ба канд, кислотахои равган, аминокислотахо шиддат меёбад.

Ин бошад, тухмро бо энергия ва моддахои пластики таъмин менамояд. Баъди варам кардани тухм чанини он неш мезанад. Одатан, аввал реша месабзад, ки он пусти тухмро сурох карда мебарояд. Сипас дар баъзе растанихо гипокотил (ин дам тухмпалла ва сармугча ба руи хок меба­рояд) ва дар растанихои дигар эпикотил (тухмпалла дар зери хок мемонад ва ба руи хок факат сармуггча мебарояд) нуму мекунад. Эхтиёти тухм ба об хангоми Нешзани ба таркиби химияви ва гайра холати физиологии тухм вобаста аст. Хангоми нарасидани оксиген, масалан, муддати дароз дар об нигох доштан ё сафолак бастани хок дар тухм спирти этил, кислотаи шир, аммиак ва дигар моддахои барои чанин зарарнок хосил мешаванд.

Таъсири харорат ба Нешзании тухм на танхо ба намии он ва шиддатёбии мубодилаи моддахо, балки ба тагйири таносуби танзимкунандаи руш­ди растанихо низ вобаста аст. Масалан, хангоми гарм кардани чигит ё чормагзи замини (арахис), ки нав гундошта шудааст, микдори ингибиторхои рушди он кам ва Нешзании тухм тез мешавад. Барои тезонидани Нешзании тухми бисёр растанихои дигар, баръакс, таъсири харорати пасти гарми (ниг. Стратификатсияи тухми), ки дар натичаи он микдори гиббереллинхо ва гайрахо амгезаи рушди растанихо меафзояд, зарур аст.

Барои Нешзании тухми баъзе растанихо гайр аз на­ми, оксиген ва харорати мусоид, равшании спектри муайян низ зарур аст. Масалан, нури сурх Нешзании тухми коху, санавбар, шилхаро меангезад, нури инфрасурх бошад, баръакс, онро бозмедорад. Хатто барои Нешзании тухми як растани, ки аз як хуша гирифта шудааст, шароитхои гуногуни мухит зарур аст. Тухми баъзе растанихо бо вучуди дар шароити мусоид буданашон намесабзанд. Сабаби насабзидани тухм ин аст, ки онхо ё аз холати ороми набаромадаанд ё пусти сахти онхо оксиген ва обро ба чанин намегузаронад.

Нешзании тухм баробари ба гизогирии автотрофи гузаштани навнихол ба итмом мерасад. Пас, мухайё карда­ни шароити мусоид барои Нешзании тухм, яъне бехтар гардонидани кобилияти сабзиши тухми яке аз шартхои хо­сили баланд мебошад.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …