Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нести

Нести

Нести, категорияи системахои идеалистист, ки вучуди конкрети ва умуман хастиро рад мекунанд. Фалсафаи материалисти Нестиро катего­рияи фалсафи намедонад. Вай акидаеро ба назар мегирад, ки олами модди махвнопазир ва халои мутлак имконнопазир аст. Дар таъpuxu фалсафаи идеалисти аз давраи атика ба Нести ду тарз муносибати асоси вучуд дорад. Дар системаи як гурух мутафаккирон ва баъзе таълимот (Афлотун ва навафлотуния, ирфони пантеистии масехият, Г. Ге­гел ва гайра) Нести дар катори категори- яхои асосии онтологи (чун худо, хасти, муглакиёт ва гайра) эътироф шуда, принсипи «аз Нести хеч чиз ба вучуд намеояд» инкор мегардад.

Гурухи дигари мутафаккирон Нестиро инкори зохири, яъне факат маф- хуми номиналистии шаклию мантики довнста, мавкеи масъалаи Нестиро дар онтологияи асримиёнаги пурра сокит менамоянд. Дар фалсафаи динию идеалистии фирс-точик ва араб истилохи фано истифода шудааст.

Дар асри 20 аксар чараёнхои фалса­фи аз нав ба масъалаи Нести ру овар- данд, ки ин пеш аз хама дар «онтологияи фундаменталии» М. Хайдег­гер ва экзистенсиализм Ж. П. Сартр мушохида мешавад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …