Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нернст Валтер Фрид­рих Герман

Нернст Валтер Фрид­рих Герман

Нернст (Nernst) Валтер Фрид­рих Герман (25. 6. 1864, Бризен, хозира Вомбжезно, Полша — 18. 11.1941, Обер — Тсибелле, назди Мускау, РДГ). физики немис. Яке аз асосгузорони хи­мия и физикавии муосир. Аз соли 1902 профессори Университети Бер­лин. Солхои 1905— 1922 директори Институ­ти химия ва 1924 —1933 директори Институти физикаи Берлин буд. У дар сохаи физика аз Болтсман таълим гирифтааст. Соли 1888 назарияи усули гудозиши элек­тролитии металлхоро пешниход кар­дааст.

Соли 1890 конуни таксимоти моддаи халшавандаро дар моеъхои омехтанашаванда ё камомехташаванда дар холати умуми таъриф додааст. Соли 1897 лампаеро ихтироъ намуд, ки сонитар лампаи Нернст ном гирифт. Соли 1906 конуни 3-юми термоди­намика (теоремаи Нернст ё ки принсипи Нернст) -ро кашф кардааст. Инчунин доир ба ходисахои галва- номагнити ва термомагнити кашфиётхо дорад (ниг. Ходисаи Нернст- Эттингхаузен). Нернст муаллифи китобхои дарсии химияи назарияви ва физикаи назарияви мебошад. Аъзои фахрии АФ бисёр мамлакатхои хоричи, аз чумла аъзои фахрии АФ СССР (1927) буд. Лауреати мукофо­ти нобели (1920).

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …