Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нептунизм

Нептунизм

Нептунизм (аз лот. Neptunus — Нептун, номи худои бахру об дар асотири римиён), таълимотест, ки охири асри 18 — аввали асри 19 дар илми геология хукмфармо буд ва мувофики ин таълимот гуё тамоми чинсхои кухи (аз чумла чинсхои фишонда: базалт, гранит ва гайра) дар мухити об бо рохи тахшияшави е ки кристаллбанди хосил шудаанд. Тарафдорони машхури Н. А. Г. Вернер (Германия), А. Де­люк (Франсия), Р. Кирван (Британияи Кабир) буданд. Нептунистон чинсхои кухиро ба ду гурух; н а х у с т и н (граниту гнейсхо, вараксангхои кристалли, инчунин чинсхои дигари фишонда ва метаморфи) ва кабаткабат (охаксанг, гач, намаксанг ва уайра) таксим мекарданд.

Ба пиндошти тарафдорони Нептунизм баро­бари ба вучуд омадани чинсхои кабат-кабат тамоми релефи руи Замин пайдо шуда, то айёми мо бе­тагйир мондааст. Тарафдорони неп­тунизм харакатхои тектоникиеро, ки дар хакикат боиси тагйир ёфтани релеф мешаванд, инкор мекарданд. Онхо инчунин ба акидан дурусти тарафдорони плутонизм дар бораи он, ки чинсхои кухии интрузиви аз хунукшавии магма ба вучуд меоянд, тамоман зид баромаданд. Дар солхои 20-ум и асри 19, вакте ки пайдоиши вулкони доштани базалт исбот гардид ва оид ба чинсхои фишондаю тахшини тасаввуроти илми хосил шуд, Нептунисзм ахамияти худро гум кард.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …