Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неотомизм

Неотомизм

Неотомизм, таълимоти фалсафии католики, ки дар асоси акидахои Фомаи Аквини ба вучуд омадааст. Неотомизм сернамояндатарин мактаби фалсафии динии хозира буда, дар фалсафаи буржуазии давраи импе­риализм нуфузи калон дорад. Таназзули феодализм кудрати сиёсию идеологии калисои католикиро кам карда, таъсири томизмро суст намуд. Эхёи томизм соли 1879 дар эпсиклика (ваъз)-и папа Леви XIII эълон шуд. Баъди он чанд кафедраи фалсафаи томисти ва Институти фалса­фаи Лувен (Белгия) кушода шуд. Холо Академиям хазрати Фома дар Ватикан, Университети католикии Фрейбург (Швейсария), Академияи Алберти Кабир дар Кёлн, Университетхои католикии Вашингтон ва Оттава, институтхои католикии Париж, Инсбрук, Мадрид, Торонто ва гайра марказхои тадкику таргиби Неотомизм мебошанд.

Фаъолияти онхоро дар сохаи фалсафа «Иттифоки умумичахонии чамъиятхои фалсафии католики» муттахид намудааст. Дар байни файласуфони неотомист М. Грабман, М. де-Вулф, Э. Жилсон мавкеи мухим ишгол мекунанд. Асархои онхо ба таърихи фалсафаи схоластика ва таърихан асоснок намудани Неотомизм бахшида шу­дааст. Г. Манзер, И. Глейзер, Ж. Мартен, О. Гупдлах, О. Нейлл-Брейнинг ва дигар «таълимоти ичтимоии католисизм»-ро эчод кардаанд.

Ю. Бохенский, Г. Веттер ва дигар ба танкиди фалсафаи марксисти машгуланд. Дар Неотомизм ду чараён ба назар мерасад. Намояндагони чараёни аввал (палеотомизм) таълимоти Фо­маи Аквиниро дахлнопазир шуморида, тасдик мекунанд, ки дар асар­хои у чавоби хамаи масъалахои фалсафи хаст. Чараёни дуюм (нео­томизм) шиори «Бо нав гани гардонидани кухна»-ро, ки Леви XIII баён карда буд, тарафдори намуда, барои таквияти акидахои Фома мекушад. Вай ба ин васила баъзе нуктахои фалсафаи замони нав (алалхусус фалсафаи И. Калт) ё хозира (феноменология, неопозитивизм)-ро истифода мебарад. Ва бо ин хама дар Неотомизм мазмуни асосии томизм (ахкоми дин дар бораи мавчудияти Ху­до, човидонии рух, озодпи ирода ва баъзе назарияхои соф фалсафи) бетагйир мемонад. Неотомизм бо максади «бартараф» намудани «яктарафаги»-и тамоми чараёнхои дигари фалсафи бо материализм, идеализм и субъек­тная ва иррасионализм бахс мекунад.

Лекин ин ихтилофхо, ба истиснои зиддияти принсипиалии Неотомизм бо материализм ва атеизм, аз худуди ихтилофхои мукаррарии байни системахои идеалисти берун намебароянд. Неотомизм иртчоитарин чараёни фал­сафии имруза аст. Идеологхои буржуази онро барои шархи масъала­хои сиёсию иктисоди ва муборизаи зидди чахонбинии илмию коммунисти истифода мебаранд. Ба акидаи неотомистхо конуниятхои умумии инкишофи табиату чамъият мохиятан як шакли зухури иродаи илохист. Неотомизм мавчудияти чавхари гайримодди ва мабдаи рухиро эътироф карда, идроку мушохидаи онро аз имкон берун медонад.

Ба пиндошти неотомистхо вучуди мазкурро танхо тавассути интуисия ва акл донистан мумкин аст. Акидаи неотомистон дар бораи хаёти чамъияти басо зарарнок ва иртичоист. Неотомизм хамчун аслихаи идеологии капитализм моликияти хусуси, нобаробарии ичтимои ва ба синфхо таксим шудани чамъиятро хак шуморида, онхоро абади медонад. Неотомизм зиддиятхои чамъияти капиталистиро, ки офаридаи моликияти хусусианд, инкор карда натавониста, онхоро натичаи гунахкории одамони чудогона, риоя накардани расму оини дини ва ахлоки масехи мо- шуморад. Вай бо таблиготи ахлокии худ зарурати объективиро пинхон доштан мехохад. Холо дар мамлакатхои империалист Неотомизмро харчониба таргиб намуда, онро дар мубориза ба мукобили куввахои лагери сулх, демократия ва сотсиализм истифода мебаранд.

Адабиёт: Миллер Р., Личность и обще­ство. К критике неотомистского понима­ния личности, перевод с немецкого, Москва, 1965; М и и к я в и ч ю с Я. В., Современный католицизм и его философия, Вильнюс, 1965; Г а р а д ж а В. И., Неотомизм—разум — наука, Москва, I969; Быховс кийБ. Э., Эрозия «вековечной» философии.

(Критика неотомизма), Москва, 1973.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …