Главная / Илм / Неотектоника

Неотектоника

Неотектоника (аз нео… ва тектоника), тектоникаи навтарин, фасли геотектоника, ки просессхои гуногуни тектоникии асосан дар даврахои неогену чорумин (25—30 миллион соли охир) руидодаро меомузад. Ин процессхо боиси хеле тагйир ёфтани сохти кишри Замин, ба вучуд омадани шаклхои структурии нав ва ба худ тархи тоза гирифтани- структурахои кадими гардидаанд. Ташаккули релефа хозираи сатхи Замин натичаи харакатхои тектоникии даврахои неоген ва чорумин мебошад.

Соли 1937 С. С. Шулс релефа Тиёншонро тахлил карда, бори аввал истилохи «тектоникаи навтарин»-ро кор фармуд. У аз ин мафхум он харакатхои тектоникиеро мефахмид, ки дар натицаи он харакатхо реле­фи хозираи Тиёншон ба вучуд омадааст. Соли 1948 В. А. Обручев чори намудани фасли нави геология — неотектоникаро пешниход кард. Вай харакатхои навтаринро аз сикли тектогенези алпи чудо мекард. Акидахои уро минбаъд Н. И. Николаев таквият дод.

Просессхои тектоникии навтарин бо усулхои гуногун: геологию геоморфологи (тахлили хусусиятхои релеф ва сохти геологи), геофизики (омухтани заминчунби, сохти каъри Замин ва гайра), таъриху археологи (истифода бурдани маълумотхои таърихи оид ба тагйирёбии шароитхои табии), биогеографи (аз сабаби тагйироти шароити мухит дигаргуншавии хайвоноту наботот) ва гайра омухта мешаванд. Солхои охир дар неотектоника маълумоти суратгирихои каёхони васеъ истифода бурда мешавад. Неотектоника бо илмхои геоморфоло­гия, сейсмология ва геофизика зич алокаманд аст.

Давраи неотектоникии инкишофи геологии Точикистон нисбат ба даврахои пешина (мезозою палеоген) мархилаи нави орогени, яъне кухпайдошавист, ки ба он нихоят серхаракат будани кишри Замин хос аст. Огози давраи навтарини инкишоф дар хамаи территорияхо як хел нест; он аз замони эосен то охирхои олигосенро дар бар мегирад. Тахлили таърихи инкишофи геологии Точикистон нишон медихад, ки харакатхои орогении навтарин пеш аз хама дар китъхои баландтарини хозира ба амал омадаанд. Дар охирхои эосен просесси баландшавии куххои Помир ва Хисору Олой, инчунин каторкухи Курамаю кухи Мугул огоз ёфт. Дар олигосен просессхои кухпайдошави тамоми территорияи Осиёи Миёнаро фаро гирифта буд. Дар дав­раи инкишофи неотектоники Точикистон яке аз нохияхои серхаракаттарини СССР ба шумор меравад. Аз ин ру, дар республика ба омузиши неотектоника ахамияти калон медиханд.

Дар Институти геологияи Академияи Фанхои РСС Точикистон шуъбаи неотектоника ташкил шудааст, ки он бо омузиши хусусият ва конуниятхои мухимтарини мархилаи нави инкишофи геологии регион машгул аст. Дар масштаби 1: 1000 000 тартиб дода шудани харитаи тектоникаи навтарини Точикистон яке аз комёбихои калон аст. Тадкикотхои неотектоники барои хочагии халк (нохиябандии сейсми­кии республика, ба микрорайонхо чудо кардани шахру посёлкахо, нохиябандии участкахои сохтмони иншоотхои калони гидротехникию объектхои саноати — ГЭС-хои Норак ва Рогун, заводи алюминии Точикистон) ахамияти калон доранд. Тадкикотхои неотектоники барои чустучуи конхои нефту газ ва пешгуи намудани заминчунби низ заруранд. Дар инкишофи неотектоникаи Точикистон И. Е. Губин, С. А. Захаров, Н. П. Костенко, Н. И. Николаев, О. К. Чедия, С. С. Шулс ва дигар хиссаи калон гузоштаанд.

Адабиёт: Николаев Н. И., Неотектоника и её выражение в структуре и рел­ефе территории СССР, Москва 1962; Неотек­тоника и сейсмотектоника Таджикиста­на. Душанбе I969; Чедия О. И., Юг Средней Азии в новейшую эпоху горообразова­ния, чилди 1—2, Фрунзе, 1971—72; Бабаев А. Москва, Новейший тектогенез зоны сочленения Гиссара-Алая и таджикской деп­рессии. Душанбе, 1975; Вельский В. А., Но­вейшая тектоника зоны сочленения Се­верного Памира и Таджикской депрес­сии, Душанбе, 1978.

Дар борамон

Инчунин кобед

schetu-mantisa

Мантисса

МАНТИССА (аз лот. mantissa — иловакуни), кисми касрии логарифми дахи. Mac., М.-и lg 50 » …