Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неосхоластика

Неосхоластика

Неосхоластика, мафхуми чамъбасткунандаест, ки чараёнхои гуногуни фалсафаи католикиро муттахид намуда, ба тачдиди схоластикаи асримиёнаги мекушад. Неосхоластика дар ибтидои асри 19 пайдо шудааст. Эхёи то­мизм дар Испания (X. Бальмес) ва Германияи миёнаи асри 19 (И. Клёйтген) боиси пайдоиши Неосхоластика гардидааст. Неохоластика аз нимаи дуюми асри 19 васеъ интишор меёбад. Папа Леви XIII дар энсиклика (ваъз)-и худ таълимоти Фомаи Аквиниро ягона фалсафаи хакикии католисизм эълон намуд. Баъди нуфуз пайдо намудани ин нукта ишкишофи Неохоластика асосан бо роху равиши неотомизм сурат гирифт.

Дар Испания ва РФГ анъанахои схоластикие инкишоф ёфтанд, ки аз акидахои файласуфи испани Ф. Суа­рес бармеоянд. Неосхоластика дар шароити имруза ба чуз томизм ва суаресизм, боз як катор мактабхои гуногуни фалсафиро дар бар мегирад. Хамаи ин мактабхо мекушанд, ки таълимоти томизмро бо чараёнхои навини афкори идеалисти омезанд. Имруз масъалаи аз чихати фалсафи асоснок намудани ахкоми калисо, бартараф кардани таъсири материализму пантеизм дар инкишофи маданият, таъмини хукмронии католисизм ва ба шакли нав даровардани дониш ва расму оин максади асосии Неохоластика аст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …