Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неологизм

Неологизм

Неологизм (аз нео… ва logos — калима), калима, таркиб, ибора ва мафхумхои нав дар забон. Таркиби лугавии забон хамеша дар инкишоф аст ва вобаста ба инкишофи доимии забон баъзе калимахо маънои нав мегиранд. Аз тарафи дигар, дар за­бон бисёр калимахои нав — Неологизмхо пайдо мешаванд. Неологизм мафхуми таърихист. Бисёр калима ва мафхумхое, ки имруз вучуд доранд, дар давраи дигари таърихи, дар вакти пайдоиши худ Неологизм буданд: колхоз, совхоз.

Баъзе Неологизмхо хусусияти умумиистеъмоли нагирифта ба гурухи калимахои кухнашуда мегузаранд: чадид, кулак. Неологизм баробари дар забон пайдо шудан ба гурухи калимахои серистеъмол дохил нашуда, муддате чун калимахои нави камистеъмол боки мемонанд. Агар онхо ба нормахои грамматикии забон мувофикат намуда, серистеъмол гарданд, аз холати Неологизм мебароянд. Баъзе калимахо аз забонхои дигар тарчума шуда ва то хусусияти умумиистеъмоли гирифтанашон Неологизм дониста мешаванд: дастгох (станок), хавосанч (барометр). Нависандагон, мутарчимон ва дигар кормандони эчоди хам баъзан дар асоси нормахои калимасозии забон калимахои нав эчод мекунанд (чунончи, дар «Дохунда»-и С. Айни: пурмехрубони, пурчавобгари).

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …