Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неолит

Неолит

Неолит (аз нео… ва lilhos — санг), асри нави санг, давраи охирини асри cанг. Неолит хазорахои 10—4 то милодро дарбар мегирад. Дар территорияи Осиёи Миёна, аз чумла Точикистони имруза ба хазораи 5—3 то милод тааллук дорад. Дар даврахои аввали Неолит одамон аз лой зарфхо сохта, дар оташ мепухтанд. Дар ин давра кулоли, бофаидаги ва завраксози ба вучуд омад. Болгаи сангии дастадори дар давраи охири мозолит кашфгардида васеъ пахн шуда, барои бунёди чайла, кулба ва заврак олати асоси ба шумор мерафт.

Одамони давраи Неолит баробари шикор,мохигири кардан, инчунин бо чорводори низ машгул мешуданд. Олоти мехна­ти даврахои охири Неолит нисбат ба даврахои аввал суфтатар гардида, шакли муайянро гирифт ва дар руи тах­та сангхо тайёр карда мешуд. Устухонро ба сифати парма истифода мебурданд. Одамони неолити аз пус­ти хайвонот барои худ сару либос ва пойафзол медухтаги шуданд. Дар охирхои давраи Неолит одамон аз фулузот сохтани олоти гуногуни мехнатро ёд гирифтанд.

Дар хазораи 5 то милод маданияти Неолит мувофики осори мадани ва хочаги ба ду гурух таксим мешавад: 1) маданияти дехконону чорводорон. 2) маданияти шикорчиёну мохигирон. Дар территорияи Точикистону Узбекистон бошишгоху кароргоххои давраи Неолит (маданияти Калтаманор, маданияти Хисор, ёдгорихои археологии Куртакка, Кухи Булиён, Туткавул ва гайра) кашф ва тадкик шудаанд.

Адабиёт: Средняя Азия в эпоху камня и бронзы, Москва— Ленинград, 1966.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …