Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неоконфусийчиги

Неоконфусийчиги

Неоконфусийчиги, мактаби идеалистин фалсафаи Хитой, ки асо­сан дар давраи Сун (асрхои 10—13) дар рафти мубориза бо буддоия ва даосизм ташаккул ёфта, дар айни хол худ низ ба таъсири онхо дучор омадааст. Саромадони Неоконфусийчиги нависанда на файласуфи асрхои 8—9 Хан Юя ва шогирдаш Ли Ао бо максади бартараф намудани таъсири таълимоти буддоия ва даосизм дар Хитой вазифаи тачдиди конфусийчигй ва инкишофи минбаъдаи онро ба миён гузоштанд. Бар хилофи конфусийчи­гии давраи аввал дар Неоконфусийчиги  масъалахои онтология, натурфалсафа ва кос­могония макоми баланд доранд.

Яке аз асосгузорони Неоконфусийчиги мутафаккири асри 11 Чжоу Дупь-и (Чжоу-цзы) мафхуми «таксимоти бузург» (тай цзи)-ро хамчун нахустасоси олам пешниход намуд. Таълимоти Чжоу-сэыро Чжан Сэай, бародарон Чэн Хао ва Чэн И, инчунин Чжу Си ва Ван-Ян мин вусъат доданд. Неоконфусийчиги таълимоти иртичоии конфусийчигии кадимро дар бораи пойдории тартиботи мавчудаи ИЧТИМОИ, хусусияти табиии таксими одамон ба табакахои оли ва поёни, ба «одамони олинасаб» ва «одамони бенасаб» дасттири намуд. Неоконфусийчиён мачмуи адабиёти оид ба конунхои конфусийчиги — «Панчкитоб» («У сзип»)-ро аз нав тафсир карданд. Бо таклифи Чжу Си «Чоркитоб» («Си шу») конуни нави конфусийчиги эълон шуд.

Дар охири асри 13 — аввали асри 14 Неоконфусийчиги идео­логияи расми гардид. Неоконфусийчиги  дар афкори фалсафи ва чамъиятию сиёсии Хи­той то аввали асри 20 хукмрон буд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …