Главная / Илм / Неокласситсизм

Неокласситсизм

Неокласситсизм, неоклассика истилохест дар санъатшиноси ва кисман адабиётшиносии совети, ки  барои баёни ходисоти бадеии аз чихати гояхои ичтимоиву мундарифаи мафкурави гуногуни охири асри 19 ва асри 20 кабул шудааст. Рагбат ба анънахои санъати атика, санъати давраи Эхё ва классисизм хоси Неокласситсизм аст. Истилохи «Неокласситсизм» (асосан дар санъатшиносии хорича) инчунин барои ифодаи класситсизм  санъати меъмори ва тасвирии нимаи дуюми асри 18 ва чоряки аввали асри 49 истифода мешавад. Ба миён омадани Неокласситсизм тасодуфи набуда, балки натичаи кушишхои санъаткороне буд, ки онхо танхо нормахои эстетикии санъати атикаро эътироф карда, бозёфтхои «абади»-и онро ба вокеият, шаклу мазмуни ходисоти бадеиро ба образхои идеалию аз хакикати таърихи дур мукобил мегузоштанд. Неокласситсизм бо неоромантизм (бо вучуди ба хам зид буданашон) баъзе умумиятхо дорад.

Дар назари аввал Неокласситсизм хамчун яке аз зинахои просесси бадеи намояд хам, дар айни замон, пайравию таклиди холи, тахрифи мазмуну охангхои классики буда, намояндагони онро     ба эчоди асархои схематики, аз харакат дур ва зохиран пуршукуху бадабдабанок оварда расонд. Дар санъати меъмори се давраи васеъ пахн шудани чараёнхои неоклассики, ки бештар ба анъанахои класситсизм алокаманд аст, вучуд дорад: 1) такрибан аз соли 1910 то миёнаи солхои 20; 2) асосан солхои 30; 3) аз охири солхои 50. Дар давраи якум дар як катор мамлакатхо Неокласситсизм аз воситахои конструктиви (махсули чараёни «модерн») истифода бурда, тамоюлхои муайяни ратсионализмро дар худ нигох медошт (О. Перре ва Т. Гарне дар Франция, П. Беренс дар Германия, О. Вагнер ва А. Лоз дар Австрия ва гайра).

Дар санъати меъморихои солхои 1910 рус намояндагони Неокласситсизм бештар ба анъанахои классики ру  меоварданд (И. А. Фомин, И. В. Жолтовский, В. А. Шуко ва гайра). Солхои 30 дар меъмории Италия ва Германия барои сохтани иншооти хеле мухташам аз воситахои Неокласситсизм ва­сеъ истифода мебурданд. Аз охири солхои 50 Неокласситсизм асосан дар санъати меъмории ШМА (такрибан 50 бинои сафоратхона дар мамлакатхои гуногун) инкишоф ёфтааст. Неокласситсизм инчунин дар санъати меъмории нимаи дуюми солхои 50             давраи совети дида мешавад. Дар санъати тасвири истилохи «Неокласситсизм» доираи васеътари ходисахоро (назар ба меъмори) дар бар мегирад ва нисбат ба чараёнхои гуногуни бадеи кор фармуда мешавад. Неокласситсизм  хамчун ходисаи мукаммали бадеи якчоя бо неоидеализм, ки дар охири солхои 1870 дар Германия ташаккул ёфтааст, ба миён омад.

Мусаввирон А. Фейербах ва X. фон Маре,     хайкалтарош А. Хилдебранд ва гайра саъй мекарданд, ки азамату шукухи санъати классикиро зинда намоянд. Истилохи «Неокласситсизм»- ро нисбат ба эчодиёт ё ба чихатхои алохидаи эчодиёти баъзе устодони санъати тасвирии охири асри 19 ва нимаи аввали асри 20 кор фармудан мумкин аст: хайкалтарошон А. Майол ва Э. А. Бурдел дар Франсия, Г. Вителанн дар Норвегия, К. Миллее дар Шве­тсия, К. Нилсен дар Дания,   II. Меш­трович дар Югославия, Ф. Мессина дар Италия, С. Т. Конёнков, А. Т. Матвеев дар Россия, мусаввирон Ф. Ходлер дар Швейцария, П. Пюви де Шаванн ва Л. С. Бакст дар Фран­сия, В. А. Серов. К. С. Петров-Водкин, М. Дени дар Россия. Дар санъ­ати тасвирии солхои 20—30 он чараёнхои бадеие, ки дар натичаи таъсири экспрессионизм, футуризм, ку­бизм ба вучуд омаданд, ба Неоклассисизм майл доштанд.

Неоклассисизм дар адабиёт чараёнхои нисбатаи хурди бадеиро (ибтидои солхои 1890 — миёнаи солхои 1900) ифода мекунад. Бо вучуди гуногунии акидахои ичтимоию сиёсиашон, нависандагони неоклассикро     принсипхои ба хам монанди эстетики ва поэтики муттахид мекунанд: назари манфи хам ба натурализм ва хам ба символизми франсавию неоромантизми немис; ру овардан ба фочиаи атика ва класситсизм; такя ба анъанахои классикии маданияти европои (бар хилофи декаданс), тарки робита бо анъанахои реализми танкиди. Неоклассисизм ба маънои пуррааш барои ифодаи прин­сипа услубию гоявие, ки ба истифодаи образхо, сюжету конфликтхои атика асос ёфтааст, истифода меша­вад.

Неоклассисизм  дар мусикй хамчун як равияи том вучуд надорад. Танхо дар бораи баъзе зухуроти он дар эчодиёти охангсозони чудогона сухан рондан мумкин аст. М. Регер дар асархои охирини худ ба Неоклассисизм  бе- восита наздик омад. Дар мусикии немис П. Хиндемит ба чараёни Неоклассисизм capвари  намуд. Дар эчодиёти солхои 20-уми И. Ф. Стравинский Н. мавкеи калон дошт (опера — ораториям «Шох Эдип», 1927; балети «Пулчи­нелла», 1919 ва гайра). Аз як тараф, дар асархои неокласснкии санъати мусики фасехи, муташаккили ва ягонагии мантикии услубхои пешинаи мусики аз нав зинда карда шаванд, аз тарафи дигар, Неоклассисизм  ба таклиди махз, ба кушиши бехудаи зинда кардани воситакои кухнаяшуда меовард.

Дар борамон

Инчунин кобед

likvaciya

Ликватсия

Ликвасия – ба русси – ликвация (аз лот. liquatio —моеъгардони, гудозиш), сегрегация (аз лот. segregatio — …