Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неокантчиги

Неокантчиги

Неокантчиги, чараёни идеалистие, ки нимаи дуюми асри 19 дар Германия тахти шиори «Ба кафо, ру ба Кант!» пайдо шудааст. Шиори мазкурро О. Либман ва Ф. А. Ланге ба миён гузоштаанд. Неокантчиги дар Франсия (Ш. Ренуве, Амлен), Италия (Кантони, Токко) ва Россия (А. И. Введенский, Г. И. Челпанов — «Марксистони легали») низ интишор ёфтааст.

Неокантчиён унсурхои метафизики ва идеалистии фалсафаи Кантро такрор карда, инкишоф доданд ва ба хамин минвол унсурхои материалисти ва диалектикии онро инкор намудаанд. Пайравони Неокантчиги хангоми шархи таълимоти Кант «чизи дар худ»-ро мепартоянд ё ба таври  субъективию идеалисти эзох медиханд. Мактабхои марбурги (нигаред ба Мактабхои фалсафи) ва фрейбурги Неокантчигиро низ такмил додаанд. Мактаби якум ба масъалаи шархи идеалистии мафхумхои илми ва категорияхои фалсафи диккати чидди дода, онхоро таркиби мантики медонад.

Максади асосии мактаби дуюмро масъалаи аз назари таълимоти Кант асоснок намудани мукобилгузории илмхои табиатшиноси ва чамъиятшиноси, кушиши донисташаванда будани ходисахои ичтимои ташкил медихад. Ревизионистхо ва оппорту нистони Интернационали 2 (Э. Бернштейн, М. Адлер, К. Форлепдер) Hеокантчигиро дар мубориза ба мукобили марксизм  истифода бурданд. Владимир Илия Ленин ва В.Г.  Плеханов ба ревизионизми Неокантчигизарбаи халокатовар заданд. Дар шароити имруза  Неокантчиги дар фалсафаи буржуази, баъзе чараёнхои аксиология ва махсусан шохаи кантчиги нуфуз дорад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …