Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неофрейдизм

Неофрейдизм

Неофрейдизм, чараёни фалсафи ва психологии имруза, ки асосан дар ШМА интишор ёфтааст. Истилохи «Неофрейдизм» барои ифодаи равияхое, ки солхои 30 аз фрейдизми ортодоксалли К. Хорни, Г. С. Салливан, Э. Фромм ва дигар чудо шуда буданд, ба миён омадааст. Неофрейдизм аз омезиши назарияи тахлили психологи ва назарияи со­тсиологию этнологии Америкои ташаккул ёфтааст.

Принсипи детерминизми ичтимои (Фромм) ё мадани (А. Кардипер) асосй таълимоти Неофрейдизмро ташкил ме­дихад, ки мувофики oн бар хилофи биологизми 3. Фрейд мухит дар та­шаккули шахс макоми асоси дорад. Неофрейдизм аз таълимоти монистии доир ба инсон даст кашида, муносибати диалектикии байни табиату маданият, мухит ва фардро инкор мекунад. Неофрейдизм нормахои психикиро воситаи ба мухити ичтимои мутобик шудани шахс дониста, вайроншавии «ягонагии ичтимои»-ро хамчун як чизи гайритабии баён кардааст.

Неофрейдизм  ба психология тобиши сосиоло­ги ва ба ходисахои ичтимои тобиши психологи медихад. Неофрейдизм конунхои объективии ичтимоиеро, ки конунхои психология нестанд, инкор ме­намояд. Ба Неофрейдизм таълимоти умумии муносибатхои байни ашхос хос аст, ки онро Салливан инкишоф додааст. Мувофики акидаи у дар рух ба чуз муносибат бо ашхос ва объектхои дигар ё иваз намудани вазъияти байни шахсиятхо чизи дигаре нест. Мавчудияти шахс чун асотир ё хаёли ботил, худи шахс бошад, хамчун мачмуи муносибатхои бай­ни образхои тахрифшудаю хаёли до­ниста мешаванд.

Неофрейдизм  чараёни ягонаи том нест. Чунончи, Салливан фард­ро дар мухити байнишахси нопадид гардондааст, Хорни бошад то андозае ба харакати зоти кобил будани инсонро имконпазир шуморидааст. Фромм мавкеп позитивистиро тарк намуда, назарияи ичтимоию танкидии аптропологиро инкишоф меди­хад. Неофрейдизм дар таълимоти у ба назарияи «сотсиализми коммунитари»-и ха­ёли табдил ёфтааст. М. Мид, Кардинер ва дигар Неофрейдизмро бо антропологияи мадани муттахид менамоянд. Ин кушиш аксаран ба гояхои релятивизми мадани ва мукоисанашавандагии психологии маданиятхои алохида оварда мерасонад. Неофрейдизм ба фаъолияти ба ном гурухи чикагогии психоаналитикхо таъсири калон расондааст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …