Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Немирович-Данченко

Немирович-Данченко

Немирович-Данченко Влади­мир Иванович (23. 12. 1858, Озургети, хозира Махарадзеи РСС Гурчистон— 25. 4. 1943, Моск­ва), режиссёр, арбоби театр, педа­гог, нависанда ва драматурги сове­ти Артисти Халкии СССР (1936). Асосгузори (якчоя бо К. С. Станислав­ский) Театри бадеии Москва (хо­зира Театри бадеии академии Москва ба воми М. Горкий). Солхои 1876—79 донишчуи факултети физикаю математикаи Университети Москва. Солхои 70 хамчун мунаккиди театр ном баровард. Асархои насриашро дар ра­вияи А. П. Чехов эчод кардааст. Песахои у «Кори нав» (1890), «Тилло» (1895), «Кадри хаёт» (1896) ва гайра дар Театри хурд ва Театри Алек­сандрин намоиш дода мешуданд.

Дарки амики санъати театрии замонаш Немирович-Данченкоро ба фикри ислохоти он, нав кардани решахои тамоюлоти мавчуда овард. Дар Чамъияти санъат ва адабиёт бо фаъолияти режиссёрии К. С. Станиславский шинос шуда, кушишхои минбаъдаашро дар хамкори бо у давом дод. Таъсис ёфтани Театри бадеии оммави соли 1898 (номи аввалаи МХАТ) натичаи ин хамкори буд. Хайати театрро шогирдони Немирович-Данченко ва аъзоёни Чамъияти санъат ва адабиёт ташкил доданд. Дар театри мазкур кариб хамаи песахои машхури А. П. Чехов «Мохихурак» (1898), «Ваня-амак» (1899), «Се хохарон» (1901), «Олуболузор» (1904), «Иванов» (1904), инчунин песахои Максим Горкий «Дар каър» (1902), Г. Гауптман «Бека­сов» (1899), Г. Ибсен «Вакте ки мо, мурдагон, бедор мешавем» (1900) ва гайра гузошта шудаанд.

Соли 1903 Немидов-Данченко фочиаи У. Шекспир «Юлий Цезар»- ро ба сахна гузошт, ки дар он воситахои театрии психологии хозиразамон васеъ истифода шудааст. Махорати режиссёрии Немидов-Данченко махсусан хангоми басахнагузории песахои классикии рус зохир гардид («Марги Пазухин»-и М. Б. Салтыков-Щедрин, 1914; «Бародарон Карамазовхо»-и Ф. М. Достоевский). Солхои пешазреволютсиони  театр ба таназзул дучор омад; ягон асари драмавие набуд, ки Немидов-Данченко ба он такья карда, театрро боз ба сафи пеш барорад (спектаклхои ин давра «Анатэма», 1909 ва «Тафаккур», 1914, асархои Л. Н. Андреев ва гайра).

Faлабаи Револютсияи Ок­тябр барои Немидов-Данченко имкониятхои ва­сеъ фарохам овард. Сахми Немидов-Данченко дар инкишофи санъати режиссёри, ташаккули МХАТ дар асосхои реализми сотсиалисти ва тарбияи актёрони нави ифодакунандаи гуманизми со­тсиалисти хеле бузург аст. Немидов-Данченко дар рохи ба садха гузоштани асархои муаллифони совети кушишхои зиёде кардааст («Любов Яровая»-и К. А. Тренёв, 1938, «Соати бурчи Кремл»-и Н. Ф. Погодин, 1942 ва гайра). Немидов-Данченко ба тахлили ленинии эчодиёти Лев Николаевич Толстой такья намуда, «Эхьё» (1930) ва «Анна Каренина» (1937)-ро манзури назари тамошобинон кард.«Раъду барк»-и Н. А. Ост­ровский (1935), «Дод аз дасти акл»-и А. С. Грибоедов (1938) низ аз кор­хои намоёни Немилов-Данченко мебошанд. Немидов-Данченко тамоми умр бо халли масъалахои назарияи театр машгул шудааст. Дар сохаи театри мусики низ принсихои реализми сахнавиро татбик намуда, соли 1919 дар назди Театри бадеии Москва (МХАТ) Студияи мусики таъсис кард (аз соли 1928 Театри мусикии ба номи В. И. Немирович — Данченко) ва дар он як катор спектаклхо гузошт. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1942, 1943). Бо орде­ни Ленин ва ордени Байраки Сурхи Мехнат мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …