Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нематодозхо

Нематодозхо

Нематодозхо, беморихои одам, хайвонот ва растани, ки нематодахо ба вучуд меоранд. Нематодахо дар аксари узву бофтахои одаму хайвонот (мушак, чигар, гурда, меъдаю руда ва гайра) ва кисмхои растани (реша, поя ва барг) паразити мекунанд.

Нематодозхо 2 хел мешаванд: геонематодозхо (ангезандаи онхо дар мухити беруна — хок, об ва гайра инкишоф меёбанд) ва бионематодозхо (инкшофашон ба ивазшавии организми сохиб вобаста аст). Одам аз Нематозхо одатан хангоми бо об ва хурокихо фуру бурдани тухм ё кирминаи нематодахо сироят меёбад. Тухм ва кирминаи нематодахо дар мухити беруна факат дар шароитхои муайян (харорат, кофи будани нами ва оксиген) инкишоф меёбанд. Аз Нематозхо дар одам бештар аскаридоз, энтеробиоэ, трихосефалёз, трихинеллёз ва гайра пахн шудаанд.

Нематозхо дар хамаи хайвонхои мухрадор дучор мешаванд. Ангезандаи Нематозхо ка­риб дар тамоми узву бофтахои организми хайвонот паразити мекунанд. Пахншавии Нематодозхо ба иклим, мавчудият ва микдори организмхо, манбаи сироят, шароитхои нигохдории хайвонхо, эътимоднокии тадбирхои табобатию профилактики ва дигар омилхо вобаста аст. Ба чорводори бештар аскаридоз, амидостомоз, буностомозхо, диктиокаулёз, трихинел­лёз ва гайра зарар мерасонанд. Нигаред  низ Касалихои нематодии растанй.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …