Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нематодаи гандум

Нематодаи гандум

Нематодаи гандум (Anguina tritici), кирмчаест, ки касалии ангуллюлинози гандумро ба вучуд меорад. Ба чав, чавдор, сули ва гайра низ зарар мерасонад. Нематодаи гандум дар Догистон, Арманистон, Озарбойчон, Гурчистони Шарки, кишвари Краснодар, инчунин дар Осиёи Миёна, аз чумла дар Точикчистон вомехурад. Растани хангоми аз Нематодаи гандум осеб дидан тамоман аз сабзиш мемонад ва ба чои дон дар хушахо бузгунч (галла) хосил мешавад.

Дар дохили хар як бузгунч аз 5 то 15 хазор кирмчахо мавчуданд. Бузгунчхо ба замин рехта, аз нами мекафанд, кирмчахои онхо аввал ба поя, баъд ба барг ва аз он ба чанини гул гузашта, растаниро касал мекунанд. Нематодаи гандум бо дон, пахол ва инчунин олоти хочагии кишлок пахн меша­вад. Холо Нематодаи гандум дар СССР кариб тамоман  нест шудааст.

Адабиёт: Кирьянова Е. С., Кралль Э. Л., Паразитические нематоды расте­ний и меры борьбы с ними, том 1—2, Ленинград, 1969—71.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …