Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нематодахо

Нематодахо

Нематодахо (Nematoda), лундакирмхо, синфи кирмхо аз типи нахустковокхо. Кариб 500 хазор намудашон дар тамоми дунё пахн шудаанд. Дарозии танашон аз якчанд хиссаи мм то 8,5 метр мешавад.

Нематодахо, Нематодахои гайрипаразит: 1 — Mononchus раpillatus (дарраяда); 2—Steinerla mirabllis. Паразити хайвонот ва одам; 9 — Tetrameres sp. (а — модина, б — нарина); 4 — Trichocep- halus trichlurus. Паразити рас­та н и хо— Meloldogyne sp. (нематодаи бузгунчи решагии сабзавот).

Шакли баданашон хеле гуногун (дукшакл, ришташакл ё курашакл) аст. Танаи Нематохо  аз берун бо кутикулаи халкашакл ё суфтаи муякдор пушида шудааст. Дар зери кутикулаи эпителии яккабата гиподерма ва дар зери гиподерма бошад, мушакхои сомати мавчуд аст. Рудаи Нематодахо шакли устувонаро дорад (дар баъзе намудхояшон тахфиф шудааст). Системаи асабашон аз халкаи наздигулу ва 6 танаи асаб иборат аст. Системахои нафасу гардиши хун надоранд. Нематодахо одатан чудочинса буда, факат баъзе намудашон хунасо мебошанд. Нематодахои нарина аз Нематодахои модина хурдтар мешаванд. Барои баъзе Нематодахо диморфизми чинси хос аст.

Дар Нематодахои авлоди Syngamus (паразитхои трахеяи паррандахо) нарина ба модина часпидааст. Дар баъзе Нематодахои дигар бошад (масалан, Trichosomoides crassi cauda), нарина дар роххои чинсии модина зиндаги мекунад. Нематодахо хайвонхои тухмгузор, баъзан зиндазоянд. Нематодахои гайрипаразит дар хушки, обхои ширину шур озод хаёт мегузаронанд. Намудхои дар растани, хайвонот ва одам паразитикунандаи Нематодахо низ мавчуданд. Гизои Нематодахо гайрипаразит бактерияхо, обсабзхо, детрит ва гайра мебошанд. Дар байни онхо Нематодахои дарранда низ хастанд. Баъзе Нематодахо хаёти анаэроби (бе оксиген) мегузаронанд. Нематодахои паразит боиси ба вучуд омадани беморихои вазнин (Касалихои нематодии рас­танихо, Нематодозхо, Гелъминтозхо, Трихинеллёз ва гайра) мегарданд.

Дар Точикистон дар хайвонхои ширхур кариб 60 (трихоцефалидхо, телязияхо, диктиокаулхо, онхоцеркхо ва гайра), аз чумла дар одам кариб 10 (аскаридахо, гичча, муяксархо, анкилостомахо ва гайра), дар паррандахо кариб 200 (спируратхо, филяриидхо, оксиуратхо ва гайра) ва дар растанихо кариб 100 намуди Нематодахои пара­зит ба кайд гирифта шудаанд.

Илме, ки Нематодахоро меомузад, нема­тодология номида мешавад.

Ад: Основы нематодологии, том 1—22, 1949—71; Парамонов А. А., Осно­вы фитогельминтологии, том 1—3, Москва, 1962—70; Шульц Р. С., Гвоздев Е. В., Основы общей гельминтологии, том 1—9, Москва, 1970—76. Л. Ф. Богаренко.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …