Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Некуахволи

Некуахволи

Некуахволи, дарачаи конеъ намудани талаботи модди, маънави ва ичтимоии одамон, таъмин будани ахоли аз неъматхои истеъмоли. Вазъи Некуахволиро нишондодхои микдорию сифати, ки сохахои мухталифи онро дар бар мегиранд, муайян мекунад. Macалан, хачми умумии неъматхои моддии истеъмолшаванда ва хизмат ба хар сари ахоли, хачми истеъмолии махсулоти хуроквори ва молхои гайриистеъмоли; даромади реалии ахоли; хачун музди кор, фондхои чамъиятии  истеъмоли; давомнокии вакти кори ва вакти холи; шароити манзилгох; нишондодхои сохаи маориф, маданият, нигохдории тандурусти ва гайра. Некуахволи ба дарачаи инкишофи куввахои истехсолкунанда ва характери муносибатхои истехсоли вобаста аст.

Амали конунхои иктисоди, пеш аз хама амали конуни асосии иктисоди ва максади истехсолоти чамъиятё мохияти Некуахолиро муайян мокунад. Некуахволи дар замони капитализм муносибати истисмориро ифода мекунад. Некуахволии мехнаткашон ва буржуазия мутлако ба хам мухолиф мебошад. Конуни асосии иктисодии капитализм меъёри ичтимоии дарачаи зиндагии мехнаткашон махдудияти талаботи такрор истехсоли кувваи кориро муай­ян менамояд, ки барои ба даст овардани арзиши изофа, андухтани капитал зарур аст. Кашшокшавии нисби, дар баъзе даврахо кашшокшавии мутлаки мехнаткашон хоси капитализм аст. Бекори дар замони капитализм ба Некуахволии мехнаткашон таъсири манфи мерасонад. Холо дар олами сармоя 30 миллион нафар одамон бекоранд. Гуруснаги, бекори, набудани бовари ба фардо, интенсификатсияи бепоёни мехнат заминаи касалихои ичтимои (нашъаманди, касалихои рухи, касалихои даруни, сил ва гайра) буда, боиси барвакт аз кор мондан, кутох шудани умри мехнаткашон мегардад.

Некуахволи дар замони сотсиализм муносибати хамкории коллективонаро ба­рои пурра конеъ гардондани тала­боти моддию маънавии халк ва инкишофи хаматарафаи хар як шахс ифода мекувад. Некуахволии ба тарзи ичтимоии хаёт алокаи зич дорад. Дар мамлакатхои сотсиалисти дар просесси сохтмони сотсиализм ва коммунизм Некуахволии сифатан нави мехнаткашон ба даст оварда шудааст, ки он аз истисмор озод аст. Мехнати озоди дар як узви кобили мехнати чамъият моли инкишофи тарзи хаёти сотсиалисти ва баланд шудани Некуахволи мебошад. Сотсиализм хамаи аъзои чамъиятро бо кор таъмин мекувад.

Аз руи маълумоти ба руихатгирии ахолии соли 1970 дар истехсолоти чамъиятии СССР зиёда аз 92% ахолии кобили мехнат иштирок дошт. Беко­ри дар тамоми мамлакатхои аъзои СЭВ комилан махв шудааст. Аа руи план инкишоф ёфтани истехсолоти чамъияти ва афзоиши собити даромади милли асоси моддии мунтазам баланд шудани Некуахволли ахли чамъияти сотсиалисти мебошад. Дар СССР 4/5 хиссаи даромади милли барои истеъмол ва чахорьяки он барои андухтан истифода мешавад. Агар чунин нукта ба назар гирифта шавад, ки 1/5 хиссаи фондхои андухт барои сохтмони хонахои истикомати, мактаб, беморхона, муассисахои мада­нию маърифати, иншооти спорти, муассисахои хизмати коммуналию маиши сарф мешаванд, чамеи неъматхои моддие, ки бевосита барои бехбудии зиндагии халк сарф ме­шаванд, зиёда аз 80% даромади миллиро ташкил медихад. Вазни киёсии фондхои истеъмоли дар даромади миллии Булгория, Венгрия РДГ, Полша, РСЧС дар худуди 69—77% мебошад.

Дар мамлакатхои капиталисти кисми зиёди даромади миллиро синфхои истисморгар аз худ ме­кунанд. Дар чамъияти сотсиализми мутаракки имконияти дар як вакт инкишоф ёфтани истехсолот ва ба­ланд шудани Некуахволии халк пайваста васеъ мешавад. Дар панчсолаи 10-ум дар СССР барои баланд бардоштани Некуахволии халк нисбат ба ду панчсолаи гузашта зиёдтар маблаг сарф шуда­аст. Тавассути ин музди кори бештар аз 75 миллион нафар одамони совети афзуда, ба 40 миллион нафар нафака, сти­пендия, ёрдампули ва дигар хел ёрии модди зиёд карда шуд. Хамчун шарти асосии баландшавии Некуахволи даромади миллии республика низ афзуд. Харочоте, ки дар панчсолаи 11-ум барои Некуахволии мехнаткашони республика пешбинй шудааст, нисбат ба панчсолаи дахум 3,6 миллиард сум зиёд аст.

Программаи инкишофи ичтимоии дехоти совети, ки партия мукаррар кардааст, бо муваффакият ичро ме­шавад. Некуахволии дехконон назар ба Некуахволии коргарону хизматчиён зудтар баланд мешавад. Солхои 80-ум барои баланд бардоштани Некуахволии ахолии дехот такрибан 160 миллиард сум сарф карда мешавад. Ин яке аз шартхои зарурии бартараф намудани тафовутхои ичтимоию иктисоди, маданию маишии байни шахру дехот аст.

Яке аз нишонахои асосии Некуахволи даромади реали ба хар сари ахоли мебо­шад. Дар СССР он дар хар 15 сол ду баробар афзуда, дар панчсолаи ёздахум нисбат ба панчсолаи дахум 16—18% зиёд мешавад. Дарачаи истеъмоли неъматхои модди, арзон намудани он ба гамхории давлат дар хакки аъзоёни чамъият далолат мекунад.

Аломати мухимми баланд будани Некуахволи афзудани хачми муомилаи молхои чакана аст. Соли 1980 муомилаи мол дар республика нисбат ба 1975— 34% шуд, ки 207 миллион сум аз план зиёд аст.

Ба системаи маорифи халки рес­публика диккати чидди дода меша­вад. Танхо дах дад соли охир харочот барои маорифи халки ду баробар афзуд. Барои нигохдории тандурусти давлат аз хисоби фондхои чамъиятии истеъмоли маблаг сарф ме­кунад. Хизмати тибби дар мамлакати мо бепул аст. Дар ШМА ахоли дар сол барои хизмати тибби 50 миллиард доллар сарф мекунад.

Дар кори баланд бардоштани Некуахволи гамхории давлат дар хакки кудакон мавкеи калон дорад. Соли 1965 дар рес­публика 431 муассисая томактаби вучуд дошт, ки 54598 нафар кудаконро дар бар мегирифт. Соли 1980 адади муассисахо ба 720 ва микдори тарбиятгирандагон ба 112758 нафар расид.

Дар РСС Точикистон чун дар тамоми СССР барои кудакон ёрдампули дода мешавад. Танхо соли 1974 дар республика барои модарони серфарзанд аз хисоби давлат 89,1 миллион сум харч шуд.

Дар СССР бо рохи баланд бардош­тани хачми нафака, алалхусус бо ро­хи ба хам наздик кунонидани хачми нафакаи коргарон, хизматчиён ва колхозчиён кори аз нафака таъмнн намудани ахоли бехтар карда ме­шавад. Чунончи, дар республика хачми минималли нафака аз 30 то 45-сум барои колхозчиён аз 12 то 20 сум зиёд карда шуд.

Дар мамлакати мо занон дар синни 55 ва мардон дар синни 60 ба нафака мебароянд. ‘Хол он ки дар ШМА мардон дар синни 65 ва занон дар синни 62, дар РФГ, Финляндия, Нидерланд зану мард дар синни 65, дар Канада, Ирландия ва Норвегия зану мард дар синни 70 ба нафака мебароянд.

Хусусияти дигари бехтар шудани Некуахволии одамон дар замони сотсиализм кутох намудани рузи кори ва зиёд шудани вакти холист. Кутох наму­дани вакти кори дароз намудани мухлати отпускхо, сабук кардани мехнати хонаги боиси афзудани вакти реали гардид. Вакти холи ба ибораи Карл Маркс сарвати дакикии хар як шахс ва тамоми чамъият аст.

Адабиёт: Материалхои съезди 26 КПСС, Душанбе. 1981; Капустин Е. И., Рост благо­состояния советского народа — высшая цель экономической политики КПСС, Москва,

Советский Таджикистан аз 50 лет, Душанбе 1975; Шаги нашего развития, Душанбе, Д. Хуморов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.