Маълумоти охирин
Главная / Илм / Некробактериоз

Некробактериоз

Некробактериоз, некроба­циллёз, касалии сироятии хайвонот. Дар шакли некрози бофтахои гуногун зохир мегардад. Ангезандаи Некробактериоз (Dact. necrophorum)-ро аввалин бор соли 1881 Р. Кох муайял намудааст. Ба Некробактериоз хайвоноти хочагии кишлок ва акса- ри хайвоноти вахши, баъзан одам ва паррандахо низ сироят меёбанд. Манбаи сироят хайвоноти касал ме­бошад. Микроб ба организм ба воситаи чарохат, узвхои хозима дохил мешавад. Хангоми Некробактериоз одатан кисми нарм ва байни сумхо, парраи бини ва лаб, пардахои луобии дахон варам карда, чарохат пайдо мешавад. Чои осеб мадда карда, бофтахо мепусанд. Хайвони касал логар шуда, мемирад. Касалиро дар асоси маълумоти эпизоотологи, клиники ва тадкикоти бактериологи муайян мекунанд.

Пешгири ва муолича: изолятсияи хайвони касал, бархам дода­ни ширу гушти онхо; истифодаи моддахои дезинфексиони (махлулхои сефоизаи перманганати калий, 1% спирта трапафлавин, 3—5.% пероксиди гидроген), антибиотикхои гурухи тетрасиклин ва гайра.

Адабиёт: Коваленко Н. Р., Некробасциллёз сельскохозяйственных животных, Москва. 1948.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …