Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Некии Исфахони

Некии Исфахони

Некии Исфахони Зайнуддин Масъуд ибни Алии Халлоч (соли таваллуд номаълум— вафот 1592), шоири форс-точик. Дар Натанз ба дунё омада, дар Исфахои камол ёфтааст. Дар чавони ба касби падар— халлочи машгул буд. Баъд ба омузиши илм пардохт ва донишманду фозили давр гардид. Ба чанде аз шакрхои Эрон сафар карда, бо шоирону донишмандони давр, аз он чумла бо Мирзошарафи Чахон, Мавлоно Лисонй ва дигар хамсухбат шудааст. Дар тазкирахо («Тухфаи Сомй», «Рузи равшан») чанде аз матлаи газал ва рубоихои Некии Исфахони дарч гардидааст. Дар ашъораш мавзуъ ва мазмунхои ишки, баёни хол ороста бо бадеиёту фасохат баён шудаанд. Ин абьёт аз эчодиёти давраи чавониаш аст, ки дар «Тухфаи Соми» омадаанд:

Чонфишонихо ба хоки пои ёрам орзуст.

Вах, ки як чон дораму дар дил хазорам орзуст.

• •

Доман зи бадомузии душман макаш аз ман,

Дасти ману домони ту, доман макаш аз ман.

Намунаи дубайтихои Некии Исфахони ин аст:

Баъди мурдан ёр агар майли сари хокам кунад,

Лолаи хокам ба у шархи дили чокам кунад.

Ишки у чун шамъ месузад зи cap то по маро,

Голибан мехохад аз олудаги покам кунад.

Некии Исфахони инчунин ба номи «Зубдат- ул-асрор» маснавие дорад, ки дар татаббуи «Махзан-ул-асрор»-и Низомии Ганчави сурудааст.

Дар борамон

Инчунин кобед

sangi-qadima

МАДАНИЯТИ МУСТЁ

МАДАНИЯТИ МУСТЬЁ, маданияти палеолити кадим, ки баъди маданияти Ашел инкишоф ёфта, бо маданияти палеолити даврахои …