Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нейтрон

Нейтрон

Нейтрон (англиси neutron, аз лотини neuter — на ину на он, ишораташ п), зарраи элементарии хунсо (безаряд)-и массаи сукунаташ тп = = (1,674920±0,000011) • 10 кг, спинаш 1/2/ (бо вохидхои h =h/2П ), ин чо h— собитаи Планк ва момен­ти магнитиаш Рт — — (1,91315±; 0,00007). Мя (Мя—магнетони ядро). Нейтронро олими англис Чеймс Чедвик кашф кардааст (1932). Ядрои хамаи атомхо аз Нейтронхо ва протонхо таркиб ёфтааст. Хосиятхои Нейтрон ва протон ба хамдигар монанданд, ки дар бароба­рии спинхошон, наздик будани мас­саи сукунаташон, кобилияти ба хамдигар мубаддалшавиашон (масалан, хангоми бета-кохиш), хамчунин ба заряд новобаста будани куввахои ядрои зохир мегарданд.

Ин хосиятхо имкон медиханд, ки Нейтрон ва протонро чун ду холати (электри заряд­нок ва безаряд) як зарра — нуклон муоина кунем. Нейтрон дар холати озод ноустувор аст: он бо даври нимкохиши Т1/2=(1,01±0,03).10э сония ба протон, электрон на антинейтрино чудо мешавад. Нейтронхо ба cap задани реакцияхou ядрой, аз он чумла, ре­акцияи занчирии таксимшавии ядрохои вазнин (торий, уран, плуто­ний), ки дар реакторхои ядрои ба а мал меоянд, боис мсгардад. Нейтронхоро барои хосил кардани изотопхои ра­диоактиви сунъи ва дар нейтроно­графия истифода мебаранд. Антизарраи Нейтрон антинейтрон аст, ки аз Нейтрон бо аломати моменти магнитиаш фарк мекунад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …