Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нейрохирургия

Нейрохирургия

Нейрохирургия, илми клиникиест, ки назарияю амалияи ташхис ва бо рохи чаррохи табобат кардани беморихои системаи асабро меомузад. Нейрохирургия сохахои зеринро дар бар ме­гирад: нейроонкология, нейротравматология, нейроангиология ва гайра.

Нейрохирургия чун илми мустакил дар аввали асри 20 чудо шуд. Аввалин чаррохии ней­рохирурги — трепанасия (кушодани косахонаи сар)-и одам хануз дар асри санг гузаронида шуда буд. Аммо  факат охири асри 19 дар натичаи истифодаи асептика, антисептика ва наркоз мунтазам гузаронидани чаррохии нейрохирурги имконпазир гардид. Нейрохирургия дар нимаи аввали асри 20 хеле таракки кард. Дар ин давраи тараккиёти Нейрохирургия олимони америкои X. Ку­шинг. немис В. Данди ва Г. Оливекрон, франсави  Т. де Мартел, рус В. М. Бехтерев ва Н. И. Бурденко сахми босазо гузоштанд. Дар СССР баробари таъсиси Институтхои нейрохирургии Москва, Ленинград ва Киев мактабии ягонан нейрохирургии совети ташкил шуд.

Соли 1957 Федератсияи умумичахонии чамъиятхои нейрохирурги ташкил шуд. ки он нейрохирургхои мамлакатхои гуногунро муттахид мекунад. Чамъияти умумииттифокии нейро­хирургхо дар СССР соли 1947 ташкил ёфт. Масъалахои Нейрохирургия дар журнали «Вопро­сы нейрохирургии» (аз 1937) ва нашрияхои умумии тибби нашр меёбанд.

Тараккиёти Нейрохирургия дар Точикистон бо номи асосгузори Нейрохирурги точик 3. П. Хочаев вобаста аст. У аввалин шуда (1955) дар республика омоси магзи сарро чаррохи кардааст. Холо дар республика 2 шуъбаи нейрохирурги дар наади беморхонаи клиникии шахрхои Душанбе ва Ленинобод амал мекунад. Кормандони шуъбахои нейрохирургии ба ними 3. П. Хочаеви назди беморхонаи клиникии рес­публикавии № 3 (Душанбе) оид ба масъалахои нейротравматология тадкикот мебаранд. Чамъияти илмии республикавии нейрохирургхо аз соли 1979 амал мекунад.

Адабиёт: Многотомное руководство по хи­рургии. том 3 (книга 1—2), том 4, Москва. 1963—68; Иргер И. М., Нейрохирургия. Москва, 1971.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …