Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нежон Жак Андре

Нежон Жак Андре

Нежон (Naigeon) Жак Андре (15. 7. 1738, Париж —28. 2. 1810, хамон чо), файласуфи материалист, атеис­ти франсави, намояндаи мутааххири маорифпарварон. Соли 1795 аъзои Ин­ститути Франсия, 1803 аъзои Академияи Франсия буд. Нежон котиб ва хамкори наздики П. Гольбах буда, дар тайёр намудани асархои «Системаи табиат», «Масехияти фошшуда» ва гайра фаъолона иштирок намудааст. Нежон ба нашри пинхонии бисёр асархои Голбах дар хорича рохбари намуда, рисолахои М. Монтен, Ж. Ж. Руссо ва Д. Дидроро низ чоп кардааст. Нежон муаллифи асосии асари беимзои «Чанговари файласуф» (1768) эътироф шудааст. Ин асар соли 1925 тахти унвони «Сарбози бедин» ба забони руси чоп шуд. Нежон кори «Энсиклопедия»-и Дидроро идома дода аст. Нежон дар назарияи маърифат сенсуалист аст. Нежон хамроди Голбах «Илохиёти кисаги»-ро навишта, дар он динро зарифона танкид намудааст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …