Главная / Маданият ва санъат / Нейман Станислав Костка

Нейман Станислав Костка

Нейман (Neumann) Станислав Костка (5. 6. 1875, Прага — 28. 6. 1947, хамон чо), шоири чех, Санъаткори Халкии Чехословакия (1945). Соли 1893 барои иштирок дар харакати студентон ва коргарони чавон ба хабс гирифта мешавад ва аввалин шеърхояшро дар он чо менависад. Солхои 90 ба символистон хамрох буд (мачмуаи «Ман хавории хаёти нав», 1896 ва гайра). Дар мачмуаи «Хоб дар бораи издихоми ноумед ва шеърхои дигар» (1903) муборизаи оммаи халкро дар рохи озоди васф намудааст; мачмуаи «Сурудхои чехи» (1910) муборизаи миллию озодихохонаро инъикос мекунад. Соли 1914 мачмуаи ли­рикаи пейзажи ва фалсафии «Китоби бешахо, теппахо ва обхо»-ро нашр кард; дар арафаи Чанги якуми чахон (1914—18) ба мавзуи шахр ру оварда, баъзе воситахои чараёни модернистиро истифода бурда аст (мачмуаи «Сурудхои нав», 1918). Хотирахои чангии шоир дар мачмуаи «Си суруди солхои хароби» (1918) инъикос ёфтаанд. Бо таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ба мавкеи марксисти гузашт; дар ташкили Партияи Коммунистии Чехословакия иштирок намуд. Нейман назариётчи ва пропагандисти пурэхтироси санъатп пролетари буд. Мачмуаи «Сурудхои сурх»-и  (1923) яке аз аввалин асархои реалистии назми чех аст. Мачмуаи«Мухаббат» (1933) лирикаи кахрамонаи Нейманро дарбар мегирад. Ашъори Нейман бо рухи баланди граждани суруда шудааст: мачмуахои «Дил ва абрхо» (1935), «Сонатаи уфукхои замини» (1937), «Соли беохир» (1945), «Солхои вабо» (1946) ва гайра. Муаллифи ро- мани «Абри тиллои» (1932) ва бисёр таълифоти публитсисти, репорта­жи, ёддошти ва монографияхои илмию оммави мебошад.

Ад.: Шерлаимова С., Ст. К. Ней- мав, М., 1959.

Дар борамон

Инчунин кобед

malto

Малтоихо

МАЛТОИХО, халк, ахолии асосии Малта. Шумораашон 420 хазор нафар (1978). Ба забони мальтои (гурухи соми) …