Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нежданова Антонина Василь­евна

Нежданова Антонина Василь­евна

Нежданова Антонина Василь­евна (16.6.1873, дехаи Кривая Бал­ка, хозира pайони Сарати вилояти Одесса — 26. 6. 1950, Москва), сарояндаи советни рус (сотсранои лирики- колоратури), Артисти Халкии СССР (1936), доктори илми санъатшиноси (1944), Кахрамони Мехнат (1925). Аз 7-солаги месуруд. Солхои 1899-1902 дар Консерваториям Москва (синфи У. Мазетти) тахсил намудааст. Аввалин бор дар сахнаи Teaтри Калон (партияи Антонида, «Иван Суса­нин»-и  М. Глинка) хунарнамои кардааст.

Партияхои бомуваффакият ичрокардаи у: Чильда, Людмила («Риголетто»-и Ч. Верди, «Руслан ва Людмила»-и М. Глинка, 1902), Ро­зина («Сартароши севили»-и Ч. Рос­сини, 1903), Татьяна («Евгений Оне­гиной П. И. Чайковский, 1906); Сне­гурочка, маликая Шемахон («Снегу­рочка», 1907, «Афсона дар васфи шод Султон», 1909, асархои Н. А. Римский-Корсаков) ва дигар. Дар ха­ман операхо Л. В. Собинов мусохими доимии Нежданова буд. Минбаъд тахти рохбарии Ф. И. Шаляпин, М. Н. Ер­молова ва К. С. Станиславский ре­пертуари консертиаш бой гардид. Ба он асархои С. В. Рахманинов, П. И. Чайковский, Л. Бетховен, Ф. Шуберт, И. Ф. Стравипский,, романсхо ва сурудхои халкии руси дохил мешуданд. Ба воситаи радио низ баромад мекард. Партияхои минбаъд ичрокардаи у—Малика-Ку («Афсо­на дар васфи шох Султон»-и Римс­кий-Корсаков), Парася («Ярмаркаи Сорочин»-и М. П. Мусоргский) ва гайра. Аз соли 1936 дар студияи Teaтри Калон вa баъдтар дар Студияи операвии К. С. Станиславский дарс гуфтааст.

Соли 1943 профессори консерваториям Моск­ва. Муаллифи як катор маколахо доир ба эчодиёти Римский-Корсаков, С. В. Рахманинов, Л. В. Собинов ва дигар Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1943). Бо 2 ордени Ленин, ор­дени Байраки Сурхи Мехнат ва медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …