Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нехода Иван Иванович

Нехода Иван Иванович

Нехода Иван Иванович (06. 06. 1910, дехаи Алексеевкаи хозира райони Валковскии вилояти Харков—17. 10. 1963, Киев), нависандаи советии украин. Аз оилаи дехкон. Аъзои КПСС аз соли 1942. Институти маорифи халк» Харков (1932) ва факултети стсенарии Институти умумииттифокии кинематографияро (1939) хатм кардааст. Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани. Асархояш аз соли 1925 нашр шудаанд. Муаллифи мачмуахои ашъори лирикии «Огози суруд» (1937), «Кишвари Днепр» (1939), «Фронти чануби» (1943), «Манзилхои чангали» (1944), «Рохи ид» (1945) ва гайра Лирика ва достонхои Нехода чахояфахмии хамзамо- нонро инъикос менамоянд. Романи манзуми «Чохкан зери чох» (1959) ба кисмати насли давраи чанг бахшида шудааст. Барои бачахо низ осори зиёде дорад. Асархои Нехода ба забонхои халкхои СССР тарчума шу­даанд. Шеърхои ба забони точики тарчумашудаи Нехода дар мачмуахои «Назми дустон» (Сталинобод, 1961), «Антологияи назми украин» (Сталино­бод, 1961) ва «Тухфаи дустон» (Ста­линобод, 1961) ба табъ расидаанд. Бо 3 орден ва медалхо мукофотонида шудааст.

Дар борамон

Инчунин кобед

sangi-qadima

МАДАНИЯТИ МУСТЁ

МАДАНИЯТИ МУСТЬЁ, маданияти палеолити кадим, ки баъди маданияти Ашел инкишоф ёфта, бо маданияти палеолити даврахои …