Маълумоти охирин

Нефт

Нефт, нафт, моеи равганмонанди сузандаест, ки буи махсус дорад ва дар кабати тахшинии замин пахн шудааст. Яке аз мухимтарин сарватхои табии мебошад. Якчоя бо карбогидридхои газшакл, одатан, дар чукурии зиёда аз 1,2—2 км хосил ме­шавад. Дар руи замин ба моеи гализ ё моддаи сахт (асфалт) табдил меёбад.

Маълумоти умуми, таркиби химияви ва хосияти физики. Нефт аз омехтаи карбогидридхо (алканхо, сиклоалканхо,

кар­богидридхои аромати) ва пайвастхое иборат аст, ки дар таркибашон ба гайр аз атомхои карбон ва гидроген, атомхои оксиген, сулфур ва нитроген низ доранд. Рангаш аз чигарии кушод ё кариб беранг то бури тира ё сиёх мешавад. Дар Нефтхои СССР алканхо нисбатан зиёдтаранд (зиёда аз 50%). Пайвастхои оксигендори Нефт асосан кислотахои нафтени, асфалтену моддахои зифти мебошанд. Ба пайвастхои сулфурдори Нефт сулфиди гидроген, меркаптанхо, сулфиду дисулфидхо, тиофену тиофанхо, инчунин пайвастхои политсиклин сулфурдор мансубанд. Пайвастхои нитрогендори Нефт асосан гомологхои пири­дин, гидропиридин ва гидрохинолин мебошанд. Газхои дар нефт халшуда (аз 0,2 то 3%), об ва намакхои минерали низ чузъхои таркиби Нефтанд. Дар таркиби хокистари Нефт як катор алементхо (Са, Mg, Fe, Al, Si, V, Na ва гайра) низ ошкор карда шуда­аст. Хосияти физикии Нефт ба таркиби он вобаста аст. Нефте, ки зичиаш 870 кг/м3 аст, Нефти с а б у к, 871—910 кг/м3 — м и ё н а ва аз 910 кг/м3

зиёд — вазнин номида мешавад. Нефт одатан дар 28° С ба чушидан cap мекунад; гармируноиаш 0,4— 0,5 ккал/кг °С; гармии сузишаш 10400—11000 ккал/кг. Таркиби элементарии Нефт хам хеле гуногун буда, вай 82,5 ÷ 87% С,     11,5÷14,5% Н, 0,05÷0,35 %, баъзан то 0,7 О, 0,001 ÷ 5,3% S, 0,001 ÷    1,8%    N, инчунин

ба микдори кам ванадий, фосфор, калий, никел, охан ва гайра дорад. Нефтхоро нисбат ба микдори сулфур ва зифте, ки дар таркибашон мавчуд аст, ба Нефтхои камсулфур (0,5%), сулфурдор (0,5—2%), серсулфур (аз 2% зиёд), камзифт (то 17%), зифтдор (18—35%) ва серзифт (аз 35% зиёд) таксим мекунанд. Оид ба характеристикаи Нефтхои Точикистон ниг. чадвал.

Пайдоиши Нефт Масъалаи табиати генетики ва шароитхои пайдояши Нефт то хол пурра омухта нашудааст. Дар ин бора ду акида — фарзияи пайдоиши гайриорганики ва органикии Нефт  вучуд дорад. Соли 1866 химики франсави М. Бертло тахмини дар каъри замин дар натичаи ба металлхои ишкори таъсир кардани оксиди карбон (IV) ва соли 1871 химики дигари франсави Г. Биассон акидаи хангоми таъсири хамдигарии об, С02 ва H2S бо охани тафсон пайдо шудани Нефтро баён карданд. Соли 1877 Д. И. Менделеев фарзияи пайдоиши минералии (карбидии) Нефтро пешниход намуд. Солхои 50—60 асри 20 боз як катор олимони совети (Н. А. Кудряв­сев, В. Б. Порфирев, Г. Н. Доленко ва дигарон) ва хоричи (англис Ф. Хойл ва дигарон) фарзияхои пайдоиши кайхони, вулкони ва магматогении Нефтро пешниход карданд.

Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 муайян гардидани фаъолияти оптикии Нефт ва алокаи он бо моддаи органикии сапропелии чисхои тахшини барои донистани генезиси Нефт роли мухим бозид. Фарзияи сапропелии пайдоиши Нефтро, ки    солхои 1904—1905 бори аввал ботаники немис Г. Потопи баён карда буд, минбаъд олимони рус Н. И. Андрусов. В. И. Вернадский, И. М. Губкин, Н. Д. Зелинский ва дигарон инкишоф доданд. Соли 1934 дар Нефт асфалту ангишт ва порфиринхое, ки ба таркиби молекулаи хлорофилл ва дигар пигментхои табии дохиланд ва       солхои 50 дар тахшинии обанборхои гуногун (кул, бахр, укёнус) карбогидридхои таркиби Нефт кашф карда шуданд. Манбаи асосие, ки аз он Нефт хосил мешавад, бокимондаи хайвонхои гуногун (асосан планктон) ва растанихо мебошанд, ки якчоя бо чинсхои тахшини омехта шуда, моддахои органикии сапропели хосил мекунанд. Ин моддахо ба зонаи нефтхосилшави (худуди болоии ин зона аз 1300 м то 3000 м) расида, дар зери таъсири харорати (50° С ва аз он хам зиёд) ба табаддулоти химияви дучор мегарданд. Молекулаи мураккаби онхо вайрон шуда, карбогидридхои газшакл, моеъ ва сахт хосил мекунанд. Дар чукурии боз хам зиёдтар ин просесс бештар авч мегирад. Аз руи ин маълумот мавкеи тарафдорони фарзияи пайдоиши органикии Нефт зохиран мустахкам аст. Вале солхои охир фарзиян пайдоиши гайриорганикии Нефт бо тадкикоти нав таквият ёфта, хукуки мавчудият пайдо кард. Олимони украин фишору (15 хазор атм) харорати баланд (1400°)-ро истифода бурда, аз карбо­ну гидрогене, ки дар таркиби карбиди волфрам мавчуданд, даххо карбогидридхои таркиби Нефт (метан, этап, пропан, бутан ва гайра)-ро хосил намуданд. Мутахассисони Институти ге­ология ва геохимияи сарватхои сузандаи АФ РССУ тачрибахои зиёде гузаронида. исбот намуданд, ки на факат карбиди металлхо, балки хар як моддае, ки дар таркибаш карбон (моддаи биогени, карбонатхо, карбонатитхо, дуоксиди карбон) ва гидро­ген (об, асосхо ва гайра) дорад, дар шароити муайяни термодинамики карбон ва гидрогени барои хосил шудани карбогидридхои Нефт зарурро дода метавонад. Нефт дар чукурии аз 500— 3000 м. (кисми зиёди он) то 6000— 7000 м дучор мешавад. Кабатхои Нефтдори Замин ба хамаи доирахои гео­логи мансуб аст. Аммо захираи асосии он ба даврахои девон, юра, табошир ва гайра рост меояд.

К о н х о и Нефт Шароити зарурии хосилшавии Нефт мавчудияти хавза- хои тахшини мебошад. Конхои Нефт дар чинсхои антиклинали ва домхои табиии моноструктуравии тектони чойгир мешаванд. Агар дар кон микдори Нефт аз мпкдори газ зиёд бошад, кони Нефту газ, бараке бошад — г аз у Нефт, агар газу конденсат якчоя вохурад, кони газу конденсат номида мешавад. Якчанд конхои Нефти наздики хам чойгиршуда районхои Нефту газ, районхо вилоятхои Нефту газ ва вилоятхо хавзахои Нефтуу газро ташкил медиханд. Масалан, хавзахои Нефту гази Волгаю Урал, Сибири Гapби, Фаргона ва гайра Масохати хавзахо аз якчанд хазор то якчанд млн км2 мешаванд. Дар айни замон 350 хавзаи Нефт маълум аст. Конхои Нефт дар хамаи китъахо (ба гайр аз Антарк­тида) ёфт шудаанд. Кариб 85% Нефти чахониро 5%-конхои ба истифода додашуда медиханд; хар яки ин гуна конхо зиёда аз 0,5 млрд т Нефт доранд; чунин конхои калонтарин бештар дар Шарки Наздик (Арабистони Сауди, Кувейт) вокеанд. Калонтарин конхои Нефти ШМА дар Аляска ва Техас дида мешаванд. Дар территорияи СССР конхои Нефт асри 19 дар нимчазираи Апшерон, нохияи Грозний, кишвари Краснодар, нимчазираи Челексен, Сахалин, дар арафаи Чанги Бузурги Ватани дар хавзаи Нефту гази Волгаю Урал, дертар дар гарби Туркманистон, дар Казокистон, кишвари Ставро­пол, дар Украина ва Белоруссия ёфт шуданд; солхои 50—60 асри 20 яке аз хавзахои калонтарини чахон — хавзаи Нефтуу гази Сибири Гарби кашф шуд.

Дар Точикистон конхои зерини Нефт мавчуданд: Окбошадир ва Кичик Бел (дар Вахш), Шамбари ва Кургонча (дар Хисор), Конибодом ва Работ (дар водии Фаргона).

Нефт х о с и л к у н и аз эамонхои ка­дим маълум аст. Усули аз руи обан- борхои кушод чамъ кардани Нефтро пеш аз милод дар Мод, Бобулистон, Сурия ва асри 1 дар Ситсилия ба кор мебурданд. Дар Россия ин усулро аввалин бор Ф. С. Прядупов (1745) истифода карда аст. Соли 1858 дар нимчазираи Челексен ва 1868 дар хонии Кукапд Нефтро аз руи оби чуйхои аз кул чоришаванда чамъ карда мегирифтанд.

Аз чоххо кашидани Нефт хануз аз асри 5 пеш аз милод дар Киссия, асри 8 дар нимчазираи Апшерон ва асрхои 10—13 дар Сурхан ва Балкан маълум буд. Усули аз чох кашидани Нефтро дар Боку асри 17 табиатшиноси немис Э. Кемпфер пешниход кардааст. Чуку­рии ин чоххо то 27 м буда, девори онхо бо санг ё чуб мустахкам карда мешуд.

Солхои 60 асри 19 ба кашидани Нефт аз чоххои бо парма кофташуда шуруъ намуданд. Соли 1865 бо усули механи­ки (бо ёрии насос) гирифтани Нефт бо­ри аввал дар ШМА чори гардид Ин усул соли 1874 дар Гурчистон, 1876 дар Боку ва 1895 дар Грозний низ исти­фода шуд. Соли 1886 В. Г. Шухов усу­ли компрессории кашидани Нефтро пешниход намуд. Мувофики ин усул ба чохи Нефт газ ё хаво cap медиханд. Газ (хаво) бо Нефт омехта шуда, зичии онро кам мекунад ва омехтаи Нефту газ ба руи чох мебарояд. Яке аз усулхои бештар такмилёфтаи хосил кардани Нефт усули газ-лифт аст. Ин усулро с.оли 1914 М. М. Тихвинский пешниход намуд. Мувофики ин усул компрессор ба воситаи гулбахо ба кабати нефтдори кон газ ё хаво мефиристад, ки он эмулсияи газу моеъ хосил карда, бо гулбаи дигар боло мебарояд. Просесси хосил кардани Нефт се давраро дарбар мегирад: 1) ракати Нефт аз кабати нефтдор ба чохи нефткаши; 2) баромадани Нефт аз чох ба берун; 3) чамъ кардан, аз га­зу об чудо кардан ва аз намакхои минерали тоза кардани Нефт.

К о р к а р д и Нефт Аз руи маълумотхои археологи истифодаи Нефт аз хазораи 6 то мелод маълум аст. Дар хазораи 3 то мелод дар давлатхои байни Байнаннахрайн ва Миср асфалтро якчоя бо peг ва охак омехта чун масолехи пайвандкунанда ва обнагузаронанда истифода мекарданд. Нефтро дар чарогхо месухтанд, чун дору ва якчоя бо селитра чун моддаи даргиранда дар кори харби истифода ме­бурданд. Усули тактири Нефт аз аввалхои эраи мо маълум буда, онро ба­рои тайёр кардани дору истифода бурдаанд. Табиби Юнони Кадим Кассий Феликс ва олими точик Абуали ибни Сино оид ба тактири Нефт тачрибахо гузаронидаанд. Географи хоразми Бакрон (асри 13) аввалин шу­да дар бораи тактири Нефти Боку маъ­лумот додааст. Дар асри 18 ба муносибати кофтуков ва омузиши конхои Нефт ба тактири Нефт эътибори калон до­да шуд. Лабораторияхои тактири Нефт сохта шуданд. Соли 1823 бародарон Дубининхо дар наздикии шахри Моздок заводи нефттактиркунандаи даври сохтанд. Соли 1873 дар 80 заводи тактири Нефт дар Боку соле 16350 т карасин мегирифтанд. Талабот ба махсулоти Нефт руз аз руз меафзуд. Бинобар ин заводхои тактири Нефт низ такмил меёфтанд. Ба чоп аппаратхои даври амалкунанда аппаратхои доимо амалкунанда гузошта мешуданд. Аввалин аппаратхои доимо амалкунанда соли 1883 аз тарафи А. А. Тавризов ва соли 1886 аз тарафи В. Г. Шухов ва Ф. А. Инчик ихтироъ карда шуд. Дар бай­ни онхо батареяхои кубии доимо амалкунанда эътибори калон пайдо карданд.

Дар Россияи тореволютсиопи саноати автомобилсози ва авиатсиони суст таракки карда буд, бинобар ин ба бензин эхтиёч кам буд. Бо вучуди ин олимон ва инженерони рус ба максади бо рохи пиролиз хосил кар­дани дигар махсулоти Нефт просесси коркарди Нефтро мунтазам меомухтанд.

Соли 1891 В. Г. Шухов ва С. Гаври­лов барои крекинг-просесс аппарат ихтироъ карданд Онхо аввалин шу­да усули хангоми дар гулбахо харакат кардани Нефт гарм кардани онро таклиф намуданд То соли 1917 дар Россия тактири Нефт дар батареяхои кубии доимо амалкунанда усули асосии коркарди Нефт ба шумор мерафт.

Саноати коркарди Нефт дар СССР асосан дар давраи панчсолахои аввал (1929—1940) ривоч ёфт. Солхои 1933—1937 дар Ишимбой ва Уфа заводхои коркарди Нефт ба кор даромаданд. Дар шахрхои Саратов, Краснодар, Орск, Ха­баровск, Одесса, Херсон як катор корхонахои коркарди Нефт сохта шу­данд. Дар солхои Чанги Бузурги Ватани (1941—1945) саноати коркарди Нефти СССР фронт ва акибгохро бо сузишвори ва равганхои молидани таъмин намуд. Баъди чанг саноати коркарди Нефт босуръат таракки кард. Соли 1970 назар ба 1965 1,44 маротиба зиёд Нефт кор карда шуд. Як катор заводу корхонахои нави коркарди Нефт ва дастгоххои пуриктидор сохта шуданд. Дар мамлакатхои капиталисти саноати коркарди Нефт дар ШМА, Япо­ния, РФГ, Италия, Британияи Кабир таракки кардааст. Дар Точикистон дар Колхозобод (вилояти Кургонтеппа) заводи битумистехсолкунанда сохта шудааст, ки вай соле зиёда аз 50 хазор т битум мебарорад.

Барои аз об ва намак тоза кардан Нефтро нагз омехта, онро бо камтар оби дурушти деэмулгатор хамрох кардашуда мешуянд. Баъд эмулсияи хосилшударо то 100—140° С, баъзан то 160° С гарм карда, аз дегидратори электрни доимо амалкунанда мегузаронанд. Эмулсия дар зери таъсири майдони электрии баландшиддат (1,3—3 кв см), деэмулгатор ва харорат тачзия шуда, обу намакхои дар он халшуда такшон мешаванд. Ба­рои собитонии Нефт аз он фраксияхои пропан, бутан ва кисман пентанро чудо мекунанд. Фраксияи пропан­бутан барои саноати нефту химия ашёи хоми мухим ба шумор меравад. Нефт аз обу намак тоза кардашударо дар дастгоххои махсус тактир карда, аз он бензин, сузишвории реактиви, карасин, сузишвории ди­зели ва мазут мегиранд. Минбаъд аз мазут равганхои дистилляти, пара­фин, битум ва гайра хосил мекунанд. Бокимондаи мазут (консентрат, гуд­рон) баъдц тактири равганхои бо­кимонда дар сохтмон ва гайра истифода мешавад. Афзудани доираи истеъмоли махсулоти Нефт ва баланд шудани талабот ба сифати онхо зарурати коркарди дуюмини Нефтро ба миён овард. Хангоми коркарди дуюмини Нефт аз он пайвастхои оксиген, нитроген ва сулфурдор хосил мекунанд. Ба коркарди дуюмини Нефт просессхои крекинги термики, термоконтакти, катализи, гидрокрекинг, алкилони, изомеризатсия, полимеризатсия ва гайра мансубанд. Барои тоза кардани Нефт аз омехтахои нолозим (сулфур, пайвастхои зифтдор, оксигендор ва гайра) усулхои физики, физикию химияви ва гайраро ба кор мебаранд.

Ад.: Сергиенко С. Р. Очерк раз­вития химии и переработки нефти. М., 1955; Карцев А. А., Основы геохи­мии нефти и газа. М., 1089; Технология  техника добычи нефти и газа, М., 1971; Соколов В. А., Бестужев М. А Тихомолова Т. В., Химический со­став нефтей и природных газов в связи с их происхождением. М., 1972.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.