Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нефрология

Нефрология

Нефрология (аз юн. nephros — гурда ва …логия), як фасли илми тиб, ки физиологияи нормали ва па­тологии гурда ва муоличаю пешгирии беморихои онро меомузад. Беморихои гурда, аз кабили нефрит, нефроз, нефросклероз, пиелонефрит, амилоидоз, пефропатияи занони хомил ва гайра аз беморихои бештар пахншудаи узвхои даруни ба хисоб мераванд ва ба онхо тибби имруза диккати махсус медихад. Масъалахои Нефрологияро ба таври мукаммал клинитсистхо, морфологхо, физиологхо ва радиологхо якчоя хал менамоянд. Нефрология бо урология ва чаррохии трансплантатсиони (ниг. Трансплантатсия) алокаи зич дорад.

Аввалин маълумотхо оид ба Нефрология хануз дар асархои тибии замони Бук- рот вомехуранд. Ибни Сино дар «Ал-Конун» зиёда аз дах хели беморихои гурда, усулхои ташхис ва муоличаи онхоро баён кардааст. Асосгузори Нефрологияи имруза духтури англис Р. Брайт мебошад. У солхои 1827—1836 бемории гурдаро, ки минбаъд бемории Брайт ном гирифт, ошкор намуд. Олимони англис У. Т. Лонгкоп, А. Эллис, А. Кепши, франсави П. Рейе, Л. Амбар, немис Ф. Фолгард. Т. Фар ва дигарон дар инкишофи Нефрология сахми калон доранд. Тадкикоти ха- матарафаи олимони рус А. М. Шумлянский, (И. М. Сеченов, С. П. Бот­кин, А. И. Полунин, В. К. Линдеман, С. С. Зимнитский, Г. Ф. Ланг, А. Л. Мясников ва дигарон физиология ва патологияи гурдаро бо маълумотхои нодири илми ганитар карданд.

Истифодаи усулхои иммунологи, биохимияви, генетики, биопсияи гурда инчунин усулхои радиоизотопи, ангиографи ва гайра барои омузиши беморихои гурда дар нимаи дуюми асрм 20 ба пешрафти Нефрология мусоидат намуданд. Усулхои гемодиализ ва иваз кардани гурда, муоличаи беморихои он бо пархез, истифодаи аппарати «гурдаи маснуъ» ва гайра хазорон одамонро аз марг начот дод.

Чамъияти илмии нефрологхои СССР соли 1969 ташкил ёфт. Аз соли 1968 журнали «Урологияи нефрология» (то 1965 «Урология») нашр мешавад. Дар РСС Точикистон аввалин тадкикоти нефрологи дар миёнаи солхои 60 огоз ёфт. Солхои аввал асосан нефрити кудакон дар шароити иклими Точикистон омухта мешуд. Аз соли 1978 ин чониб дар назди Беморхонаи клиникии республикавии раками 3 Маркази нефрологии республикави вучуд дорад. Бо халли проблемахои Нефрология кормандони шуъбахои нефрологи ва кафедрахои Институти тиббии Точикистон машгуланд. Чунинанд ин проблемахо: омузиши нефрити музмин, муоличаи бемории санги гурда ва пиелонефрити музмин дар курортхои Точикистон, хусусиятхои фуксионалии гурда дар шароити баландкуху иклими гарм ва гайра.

Ад.: Ярошевс к и й А. Я., Клини­ческая нефрология, Л., 1971; Основы нефрологии, т. 1—2, М., 1972: Физиоло­гия почки, М., 1972.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …