Нефрит

Нефрит (аз юн. nephros — гурда; дар замони кадим чунин мепиндош- танд, ки Нефрит ба дарди гурда давост), як навъи минералхои актинолит ва тремолит. Сохти дарунии Нефрит аз наххои басо махини микроскопии но- мунтазам иборат аст. Рангаш сафед, зард, сурх, сиёх, сабз, баъзан рангоранги накшин ё рах-рах мешавад. Тахтачахои тунуки он рушноиро ба хуби мегузаронанд. Нефрит хангоми метаморфизми чинсхои асоси (серпептинитхо, вараксангхои кристаллии пироксену амфиболдор ва дигар) ба вучуд меояд. Нефрит санги хеле сахт ва мустахкам буда, нагз сайкал меёбад. Аз ин ру халкхои чахон (махсусан халкхои Осиёи Маркази, Ев­ропа, Америка) аз кадимулайём аз Нефрит мучассамаву асбобхои ороиши занон, зарфхои гуногун (коса, та­бак, гулдон) месозанд. Кисми зиёди Нефритро аз байни шагалу сангхои дарёбод пайдо мекунанд. Конхои калони Нефрит дар СССР (Саяни Шарки, атрофи кули Байкал), Хитой, чазирахои Зеландияи Нав ва Полинезия мавчуданд.

Дар борамон

Инчунин кобед

chovanni

БОККАЧО Човани

БОККАЧО Човани (1313, Порис – 21.12.1375, Черталдо, наздики Флоренсия), нависандаи итолиёи. Яке аз нахустин намояндагони …