Маълумоти охирин

Наззом

Наззом (тахалл., номаш Иброхим ибни Сайёр ибни Хони; соли таваллудаш номаълум, Балх — тахм. 845), файласуфи арабзабони форс-точик. Дар Басра тахсил кардааст. Наззом доир ба масъалахои мухталифи фалсафи асархои зиёде таълиф кардааст, лекин онхо то имруз боки намондаанд. Афкори фалсафии Наззом дар асархои Абумансури Багдоди, Мухаммади Шахристони, Азудуддини Ичи, Насируддини Туси ва дигарон сабт шу­дааст. Наззом фалсафаи Юнон ва таълимоту чараёнхои фалсафию динии Эрону Хиндустонро нагз медонистааст. Наззом монанди ахли муътазилия зидди акидахои марбут ба такдир баромадааст. Худоро аз мавкеи пан­теизм таъбир мекард. Ба кавли Наззом дунё дар натичаи харакати беинтихои заррахои модди тагйир меёбад. Худо ба рафти олам дахолат наме­кунад. Одам дар аъмоли хеш озод аст. Наззом бо ёрии а к л у хирад хал на­мудани масъалахоро тарафдори ме­кард.

Ад.: 3 а куев, Ан-Наззам. Баку, 1957

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …