Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Назорати молияви

Назорати молияви

Назорати молияви, тафтиши риояи низоми молиявии давлати аз тарафи корхона, муассиса ва ташкилотхои сотсиалисти, дуруст ва самарабахш истифода бурдани во­ситахои моддию пули. Чуаъи таркиби ва сохаи махсусгардондашудаи назорати давлати. Вазифахои асосии Назорати молияви: тафтиши тартиб додан ва ичрои планхои молиявии корхонахо, ташкилотхо ва сохахои хочагпи халк, аз тарафи онхо сари вакт ва пурра ичро кардани ухдадорихои молиявии давлати оид ба пардохти бючет, оид ба кредитхои Банки дав­лати ва Банки сохтмон, тафтиши ух­дадорихои тарафайни корхонахои сотсиалисти ва ташкилотхо мувофики сохибукитоб ва пардохт, риояи интизоми молияви ва режими сарфакори дар харчи воситахои моддию пули, тафтиши мухофизати моликияти сотсиалисти. Дар чамъияти сотси­алисти Назорати молияви ба манфиати мехнаткашон хиамат мекунад. Назорати молияви яке аз чихатхои ташкили иктисодии истехсолот аст, ки истехсолот, чойгирони, истифодаи тамоми махсулоти чамъияти ва даромади миллиро дар хамаи сохахои хочагии халк назорат мекунад.

Назорати молияви дар мухити истехсоли ва гайриистехсоли, яъне дар тамоми мархалахои планкаши ва ичрои план татбик карда мешавад. Назорати молияви пешаки, чори ва минбаъда мешавад. Назорати молиявии пешакиро пеш аз гузаронидани амалиёти давлати дар мархалаи планкашии молияви ба амал мебароранд. Назорати молиявии ч о р и ё назора­ти оперативи хар руз тавассути ор­ганхои молияви, банки ва давлати дар просесси ичрои бючет, планхои молияви ва сметахо бо рохи тахлили хисоботи даври, гузаронидани тафтишу тадкикот амали мегардад. Назорати молиявии минбаъда, ки баъди акамаёти молияви гузаронда мешавад, тафтишоти хуччати (плани ва гай- риплани, идорави ва гайриидорави, умуми ва интихоби, комплексию со­хави ва гайра) ва тафтиши фаъолияти молиявии давлатиро пешбини меку­над.

Асоси объективии Назоарти молияви хисо­букитоб мебошад. Вазифаи Назорати молиявиро органхои олии хокимияти давлати ва рохбарияти ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ, республикахои иттифоки ва автономи, советхои махаллй дар просесси мухокима ва тасдики лоихахои бючет ва хисобот, ки онро Совети Вазирони ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ, республикахои автономию иттифоки, комитетхои ичроияи советхои ма- халли пешниход мекунанд, ичро менамоянд. Назорати молиявиро Комитети назора­ти халкии ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ, Вазорати молили ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ, Банки давлатии ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ ва Бан­ки сохтмони ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ ва органхои ма­халлии онхо мегузаронанд. Назорати молиявии дохили идоравиро вазорату идорахои ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ, республикахои иттифокию ав­тономи, управленияю шуъбахои ко­митетхои ичроия, советхои махалли ба ухда доранд, дар корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо вазифаи Назорати молиявиро сарбухгалтерхо, коркунони молияви ва дигарон адо мекунанд.

Ад.: Ленин В. И., Давлат  ва рево­лютсия, Ас., ч. 25; хамон муалл., Ва- зифахои навбатии Хокимияти Совети, Ас., ч- 27; Кам бошаду хуб бошад. Ас., ч. 33.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.