Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Назорати автомати дар мошинсози

Назорати автомати дар мошинсози

Назорати автомати дар мошинсози, просесси назорати андозахои деталхои мошин, ки дар он кори операторро пурра ё кисман ме- ханизмхои тачхизоти ченкунанда ичро мекунанд. Максади Назорати автомати кутох кардани вакти барои назорат сарфшаванда, рох надодан ба худкоми дар баходихи ба сифати деталхо мебошад. Амали коркарди асосии Назорати автомати инхоанд: чо ба чо мондан ва ба мавкеи кобили назорат гузоштани деталхо, назорат кардан ва дар зим­ни он деталхои коромаду деталхои бракро аз хам чудо намудан. Назорати автоматиро бо автоматхо (просесс пурра автоматонида шудааст), н и м а в т о м а т х о (як ё чанд амалиёт автома­тонида шудааст) ва олати назо­рат чори кардан мумкин аст. Назорати автомати барои чен кардани як параметри чандин детал ва ё барои дар як вакт ё пай дар пай санчидани якчанд параметри як детал истифода мешавад. Аз руи таъинот (вобаста ба шумораи гуруххои деталхо пас аз назо­рат) Назорати автоматиро ба ду гурух чудо ме­кунанд. Ба гурухи якум Назорати автоматие дохил мешавад, ки он дар худуди ха­тои чоиз факат як гурух деталхои коромадро чудо карда мегираду де­талхои бокимонда (як ё ду гурух)- ро брак хиооб мекунад. Ба гурухи дуюм Назорати автоматие дохил мешавад, ки он дар худуди хатои чоиз якчанд гурух деталхои коромадро чудо мекунад (онхо хангоми васлкунии мунтахаби мошинхо истифода мешаванд). Гурухи дуюми Назорати атомати бештар маълум аст, зеро он соддагии просесси тайёр намудани деталхо ва арзон шудани истехсолотро таъмин мекунад, аз ин ру ин гурухи Назорати автомати ба истехсолоти оммави хос аст.

Ад.: К о н д а ш е в с к и й  В. В., Авто­матический контроль размеров деталей в процессе обработки М., 1951; Воло­сов С. С., П е д ъ В. И., Приборы для ав­томатического контроля в машинострое­нии, М., 1970.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.