Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назми бадахшони

Назми бадахшони

Назми бадахшони (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 18 точик. Дар яке аз дехахои Шугнон таваллуд ёфтааст. Аз осори у бармеояд, ки шоир рузгори сахте дошта, дар гурбату овораги, дур аз ватан умр ба cap мебурдааст. Аз Назмии Бадахшони баёзе, ки аксари шеърхои дар он чамъоваришуда ба у дахл доранд ва маснавии «Сироч-ул-муъминин», инчунин газалу рубоиёт ва касоидаш (дар баёзу чунгхо) боки мондаанд.

Дар баёзи зикршуда (китобаташ 1894) тарчеот, таркиббандхо, касоид, мухаммасот, (маснавихои хурди Назмии Бадахшони гирд омадаанд. «Сироч-ул- муъминин» рисолаи панду ахлокиест, ки дар рухияи исмоилия ба пайравии «Рушноинома» ва «Саодатнома»-и Носири Хисрав навишта шудааст. Дар эчодиёти Назмии Бадахшони мавзуъ ва мазмунхои пандуахлоки, тасаввуфи ва дили, норозиги аз чафову зулми ахли замон, гариби, хасби хол, инчунин мавзуи тасвири табиат ва гайра тадкик гардидаанд. Гарчанде Назмии Бадахшони касидахои зиёде дорад, шоирони маддоху харзагуро танкиду мазаммат кардааст.

Ад.: Хабибов А., Ганчи Бадахшон, Д., 1972.

 

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …