Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Назири Наимчон

Назири Наимчон

Назири Наимчон (А с л о н о в; таваллуд 20. 08. 1936, Уротеппа), шоири советии точик. Аз оилаи хизматчи.

Аъзои КПСС аз соли 1965. УДТ-ро хатм кардааст (1959). Ходими журнали хачвии «Хорпуштак» (1959—1964), мухаррири радио- журнали «Сухбати дустон», сармухаррири Комитети давлатии телевизион ва радиошунавонии назди Со­вети Вазирони РСС Точикистон (1964—1975). Аз соли 1975 мудири шуъбаи газетаи «Рохи коммунизм»-и шахри Уротеппа. Аввалин шеърхояш дар газетаи «Рохи коммунизм» соли 1950 чоп шудаанд. Шоир кариб дар хамаи шаклхои шеъри кувваозмои карда­аст.

Соли 1960 достони «Хатои Насим»- ро ки аз хаёти студентон накл мекунад, таълиф намуд. Бештар ба хачву мутоиба майл дорад. Муаллифи мачмуахои «Хушахо» (1971) ва «Тухфаи бахор» (1974) мебошад. Шеърхои хачви ва бачагонааш дар мачмуахои «Гулкайчи» (1980), «Хирсаки качпо» (1981) ба табъ расидаанд. Очерки «Дастони шифобахш», ки дар бораи Кахрамони Мехнати Сотсиалисти духтури терапевт Камол Баратович Охунов хикоят мекунад, ба калами у тааллук дорад. Шеъру масал ва хачвияхояш ба якчанд забонхои халкхои ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ тарчума шудаанд. Асархои адибони рус, узбек (Саид Ахмад «Марги порахур»), озари, туркман ва диг., инчунин латифахои булгории «Лабханди Габрово»-ро ба точики гардондааст. Бо ме­дали «Барои мехнати шучоатнок. Ба муносибати 100-солагии рузи тавал- луди В. И. Ленин» мукофотонида шудааст. Аз соли 1975 узви ИН ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …