Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назира

Назира

Назира (ар. муаннаси мисл, монаид), як шакли анъанавии шеър, ки дар адабиётхои Шарки Наздик ва Миёна интишор ёфта буд. Назира сарфи назар аз мавриди гуфта шуданаш хамеша як навъ кувваозмои, имтихону санчиши махорат ва мусобикаи адаби мебошад. Адиби назирагуй аксар барои нази расарои асархои бехтарин ва машхуртарини адибони бузурги гузашта ва гохо асархои барчастаи муосирони худро интихоб мекунад. Дар мавзуи асоси, вазн ва дар касидаю газал ва китъаю рубои кофия ва радифи (агар бошад) асари сармашкро нигох дошта, бо муаллифи он кувваозмои мекунад. Назира бояд дар маони бикр, дар забон равону ба фахми хонанда наздик ва дар воситахои тасвири бадеи ва тарзи истифодаи онхо навигари дошта бошад.

Хангоми Назира гуфтан ба асархои калонхачм чун «Шохнома»-и Фирдав- си, «Хамса»-и Низоми, «Маснави»-и Чалолуддини Руми ва амсоли инхо асосан ба мавзуъ, композитсия ва вазни шеърии онхо пайрави карда, дар касида гохо шакл (масалан, Назирахои касоиди маснуи Салмони Совачи) ва баъзан мазмун (масалан, Назирахои касоиди фалсафию ирфонии Хокони) ва дар рубои факат мазмунро пайрави мекунанд. Назираи газал хамаи ин чихатхоро фаро мегирад. Гохо Назирахо дар шакли накиза — пародия навишта мешаванд (мисли асархои Абуисхоки Атъима, Кории Аздии Албиса). Назира метавонад бо тазмин ё бидуни он бошад. Амир Хисрави Дехдави, Чоми, Навои, Фузули, Икбол, Аини, Лохути, Пайрав ва дигарон  намунахои барчастаи Назираро эчод кардаанд.

Газали Лохути «Инкилоби сурх», достонхои М. Турсунзода доир ба бедории Шарк Назирахои зиёдеро ба вучуд овардаанд. Назирасарои баъзан ба шаклпарасти ва тахлили махз мебарад, ки аксари осори бедилчиёни асри 19 ва шоирони дарбори Умархони Амири аз ин навъ аст. Назира, ки бо истилохи русии «подражение» баробар аст, дар адабиёти Гарб ва рус низ маълум буда, ба гайр аз пайравихои «Хамлет», «Ромео ва Чулетта», «Доктор Фауст», «Саёхат аз Петер­бург ба Москва», Назирахои И. Гёте, А. С. Пушкин, С. Есенин, Л. Украин­ка ва дигарон ба асархои Саъди, Хофиз, Чоми ва дигар адибони Шарк маълуманд. Назира, ки як навъ вахдати услуби ва шаклии асархои замонхои гуногун аст, бо монияти худ ба адабиёти давраи Эхё (Ренессанс) каробат до­рад. Назира дар санъати тасвири ва мусикии мо низ дар асрхои 15—19 макоми муайяне дошт (Назирахои асархои Бехзод —дар рассоми ва навоихои «Шашмаком» дар мусики). Назира дар ин навъхои санъат аз нусхабардори бо воридоти нав ва муносибати эчодии муаллиф ба сармашк фарк ме­кунад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …