Маълумоти охирин

Назим

Назим ( Абдулбокихочаи Бебок (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 19 точик. Хашмат дар «Тазкират-уш-шуаро» номи уро Сайид Мухаммадхоча зикр кардааст. Дар мадрасахои Бухоро тахсил ва баъд мударриси кардааст

Аз айёми тахсил бо тааллуси «Бебок» шеър мегуфтааст, вале дар охири умр «Назим» тахалл. кардааст. Мувофики маълумоти тазкираи Возех «Тухфат-ул- анбоб фи тазкират-ил-асхоб») Назим «дар таблиги китоби «Бахори дониш» китобе сохтаанд мавсум ба «Сунбулистон», бисёр зебо ва мат- буъ ва чумлаи фикраоташ мурассаъ ва маснуъ». Аз Назим ду девони ашъор боки мондааст, ки тахти ракамхои 859 ва 1325 дар захираи дастнависхои шаркии АФ РСС Точикистон махфузаид.

Дар девони раками 1325 аксари газалхои девони раками 859, ки бо тахалл. «Бебок» буданд, бо та­халл. «Назим» ислоху тахрир шудаанд. Дар охири ин девон чанд шеъри узбекии Назим чой гирифтааст. Назим дар газалиёташ ба Бедил ноухдабароёна таклид кардааст. У дар кор фармудани таъбирот, таносуби сухан, дар ташбехоту истиорот нихоят бедиккати кардааст. Назим дар мавзуи ишки вокеи ва шикоят аз носозии айём низ баъзе шеърхо до­рад.

Ад.: Ходи з од а Р., Адабиёти токик дар нимаи дуввуми асри XIX, Д., 1968.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …