Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Назаров Аширмат

Назаров Аширмат

Назаров Аширмат (Ашурмат; 05.0 3. 1913, pайони Нови вилояти Ленинобод — 1965, pайони Нов), шоири узбекзабони Точикистон. Аъзои КПСС аз  соли 1942. Дорулмуаллимини Самаркандро ба итмом расонида (1932),

дар сафи Армияи Сурх хизмат кардааст. Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани. Пас аз адои хизмати харби — мудири шуъбаи адабиёт ва санъати г. «Совет То- чикистони». Дар ашъораш зебоихои сарзамини Точикистон, мардуми мех- наткарини он ва музаффариятхои  советиро васф намудааст. Аз ибтидои солхои 30 асархояш дар матбуот шудаанд. Аввалин мачмуи шеърхоях «Хосилот» (1934), пас аз он достони бачагонааш «Фарзанди замон» (1935) ва мачм. «Кишвари шукуфон» аз чоп баромаданд. Чисми зиёди ашъори Назаровро васфи Армиям Совети ташкил медихад. Достони вокеии «Дар сохили Кофарнихон» (1947) аз хаёти осоишта ва мехнати эчодкоронаи пахтакорони точик хикоят мекунад. Шеърхои у дар васфи республика ва сулху амният дар мачм. «Чарогон» ва «Дусти» (1950) фарохам омадаанд. Силсилаи шеъру достонхои дар солхои охир офаридаи шоир дар меч. «Достонхо» (1958), «Каротегин» (1960), «Куххо ва богхо» (1963), «Роххо ва кишвархо» (1963), «Сурудхои 30 сол» (1965) нашр ёфтаанд. Мачм. шеърхояш зери унвони «Ху- шахои ангур» (1964) ва мачм. очеркхои «Мухориба дар сохил» (1965) дар Узбекистан чоп шудаанд. Бисёр шеърхои шоирони точикро ба забони узбеки тарчума кардааст.

Аз соли 1934 узви ИН ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …