Главная / Биология / Назарияи сохти хучайравии организмхо

Назарияи сохти хучайравии организмхо

Назарияи сохти хучайравии организмхо, назарияест дар бораи умумияти пайдоиши организмхои зиёда ва ягонагии принсипхои сохту инкишофи онхо. Ба акидаи Ф. Энгелс Назария яке аз чамъбастхои му-

хими биологист, ки боиси тараккиёти табиатшиноси дар асри 19 гардидааст. Мувофики Назария унсури асосии растани ва хайвонот хучайра мебо­шад. Хамаи организмхои зинда дорои хусусияти ягонаги ва инкишофи эволютсионианд.

Сохти хучайравии растанихоро бо ёрии микроскоп хануз дар нимаи дуюми асри 17 табиатшиноси англис Р. Гук мушохида карда буд. Охори асри 18 дар зери таъсири гояхои фалсафи дар илм фикре оид ба ягонагии табиати зинда ба миён омад. Ба туфайли ин барои аник кардани умумияти сохти растани ва хайвонот кушишхои аввалин гузаронида шуд. (К. Ф. Волф, Л. Окен); ин кушишхо минбаъд барои ба вучуд омадани Назария замина гузоштанд. Аввали асри 19 ривочу равнаки микроскопия барои омухтани сохти хучайра имконият дод. Аник карда шуд, ки хучайра ин структураест, ки чилди худро дорад. Ба замми он чилд кисми асосии хучайра буда, унсурхои бокимонда кисми гайриасосианд. Дар хучайраи растани мавчуд будани ядроро Р. Броун (1831) баён намуд. Минбаъд М. Шлейден ба ядро диккат дода, онро ситобласт — бавучудоварандаи хучайра номид. Аввалхои чоряки дуюми асри 19 ба туфайли тадкикоти биологи чех Я. Пуркине оид ба сох­ти микроскопии бофтахои хайвонот маълумоти бисёре чамъ оварда шуд.

Дар чамъбаст намудани хамаи ин маълумот хизмати олими немис Т. Шванн хеле калон аст. У тадкикоти М. Шлейденро омухта, дар ядро як катор критерияхоеро мушохида на­муд, ки ба воситаи онхо структураи бофтаи хайвонот ва хучайраи рас­танихоро мукоиса кардан мумкин аст. Минбаъд Назария ба организмхои якхучайрави (соддатаринхо), ки чун организмхои озод хаёт гузаронанда шинохта шуданд, татбик гардид (К. Зиболд, 1848). Ривочу равнаки минбаъдаи Назария ба кашфи протоплазма ва таксимшавии хучайра алока до­рад.

Соли 1858 И. Р. Верхов ба макоми халкунанда доштани ядро дар хучайра ахамият дод ва принсипи бо рохи таксимшави хосил шудани хучайраро баён намуд. Солхои 70—80 бошад, митоз — усули универсалии таксимшавии хучайра кашф шуд. Охири асри 19 органоидхои хучайра тадкик шуд ва дар хучайрахои растеанию хайвонот макоми калон дошта­ни онхо исбот гардид.

Назарияи хозира ба сохти хучайрави доштани организмхои бисёрхучайра ва як чисми том будани онхо асос ёфтааст. Организм то чи андоза мураккабтар бошад, чисми том буда­ни он хамон калар зиёдтар зохир мегардад. Як чисми том будани хай­вонот тавассути системахои асаб ва гуморали ва растанихо бошад, тавассути алокаи ситоплазмавии хучайра татбик мегардад.

Ад.: Вермел Е. М., История уче­ния о клетке. М., 1970.

Дар борамон

Инчунин кобед

lolaarusak

Лолаарусак

ЛОЛААРУСАК (Раpaver rhoeas), як навъ гиёхи яксола. Пояаш (дарозиаш 5—40 см) хамида ва муякхои дурушт …