Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи сохти химияви

Назарияи сохти химияви

Назарияи сохти химияви, назарияест дар бораи сохти пайваст- хои органики, тартиби чойгиршавии атомхо ва бандхои химияви дар мо­лекула, таъсири (мутакобили атомхо, инчунин алокаи сохт ва хосияти фи- зикию химиявии моддахо.

Принсипхои асосии Назарияи сохти химиявиро аввалин маротиба (1861) А. М. Бут­леров баён кардааст. Ба кашф шудани Назарияи сохти химия мафхумхои атому моле­кула (I860), чорвалента будани карбон, ки аз тарафи Ф. А. Кеокуле ва А. С. Купер гуфта шуда буд (1857— 1858) асос гардид. Нуктахои асосии Назарияи сохти химияви чунинанд: а) дар молекулахои моддахои органики атомхо ба тарти­би муайян дар асоси валенташон ба хам пайваст мешаванд, ки ин сохти химиявии молекуларо муайян менамояд; б) хосияти физики ва химия­вии пайвастхои органики хам ба табиату адади атомхои ба таркиби онхо дохилшаванда ва хам ба сохти химиявии молекула вобаста аст; в) барои хар як формулаи эмпири ада­ди муайяни аз чихати назарияви имконпазири формулаи структури (изомерхо) тартиб додан мумкии аст; г) хар як пайвасти органики як формулаи сохти химияви дорад, ки он дар бораи хосиятхои пайвасти мазкур маълумот медихад; д) дар молекулахо таъсири мутакобили атом­хо (чи атомхои ба хам пайваст ва чи атомхои аз хам чудо) мавчуд аст. Назарияи сохти химияви барои фахмидани ходисаи изомерия, ки дар он давра барои хи­мия мафхум буд, имкон дод. Пешгуии Бутлеров (1863) оид ба имконпазирии муайян намудани чойгиршавии фазоии атомхо дар молекула исбот гашт. Соли 1874 Я. Вант-Гофф ва новобаста аз у химики франсави Ж. Лё Бел гояи ориентасия и аники фа­зои доштан ва ба куллахои тетра­эдр кашида шудани чор валенти карбонро, ки атоми он дар марказ вокеъ гаштааст, баён карданд. Минбаъд ин фикр асоси нави химияи органики — стереохимия гардид ва барои фахмидани изомерияи геометри, оптики, таутомерия имкон дод. Бутлеров дурустии назарияи худро дар зимни синтез кардани як катор моддахои органики исбот намуд. Назарияи сохти химияви дар синтези пайвастхои органи­ки ва тартиб додани сохти моддахои маълум кудрати баланди пешгуи кардан дошт. Бинобар ин хам Назарияи сохти химияви дар тараккиёти пуравчи илми хи­мия, аз чумла химияи органикии синтези ва саноати химияви мавкеъ пайдо кард. Гояхои асосии Назарияи сохти химияви хангоми бо усулхои химияви, физики ва математики омухтани пайвастхои органики исбот гаштанд. Дар Назарияи сохти химияви таълимоти таъсири мутакбоили атомхо дар молекулаи пайвастхои органики ахамияти мухим дорад. Назарияи Бутлеров ба номенклатура ва системабандии пайвастхои орга­ники асос шуд; истифодаи формулаи структурии он хам барои муайян кардани роххои синтези моддахои нав ва хам дар тартиб додани сохти пайвастхои мураккаб (аз чумла табии) ёри мерасонад.

Ад.: Бутлеров А. М., Соч., г. 1—3, М., 1953—1958; Марковников В. В., Избр. тр., М., 1955; Столетие теории хи­мического строения, Сб. статей. М., 1961; Жданов Ю. А., Теория строения орга­нических соединений, М., 1971; Татевс к и й В. М., Классическая теория стрем­ления молекул и квантовая механика, М., 1973.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …