Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи шабохат

Назарияи шабохат

Назарияи шабохат, таълимотест дар бораи шартхои шабохати хо- дисахои физики. Назарияи шабохат ба таълимоти андозанокии бузургихои физики такя мекунад ва асоси моделеозии физикиро ташкил медихад. Вазифаи Назарияи шабохат мукаррар намудани меъёрхои шабохати ходисахои физикии гуно­гун ва дар асоси ин меъёрхо омухтани хосияти худи ходисахо аст. Шабохати физики таъмими мафхуми шабохати геометри мебошад.

Мавриди шабохати геометри байни элементхои ашкол ё чисмхои монанд мутаносибият мавчуд аст. Дар мавриди шабохати физикии майдон бошад, мувофикан параметрхои физикии ду система дар вакт ва фазо ба хам монанданд. Масалан, хангоми шабо­хати кинематики майдони суръатхои ду харакати муоинашаванда монанданд. Шабохати динамики, меха­ники, кивематикию динамики, монандии просессхои гарми, монандии электродинамики низ мисолхои мо­нандии физики мебошаяд. Пайваста ба инкишофи просессхои мураккаби физики ва физикию химияви, ки ходисоти механики, харорати ва химиявиро дар бар мегиранд, усулхои Назарияи шабохати ин просессхо низ инкишоф меёбанд (масалан., шартхои шабохати про­сессхои соиш ва фарсоиши деталхои мошин, кинетикаи табдилоти физи­кию химияви ва гайра мукаррар карда мешаванд).

Мутаносибияти хамаи параметрхои ходисахои монанд ба он оварда мерасонад, ки хамаи чойдигаркунихои беандозаи аз ин параметрхо тартибдодашаванда барои ходисахои монанд киматхои ададии якхела доранд. Комбинатсияхои беандозае, ки аз параметрхои асосии ходисаи муоинашаванда тартиб дода мешаванд, меъёрхои шабохат ном доранд. Хар гуна комбинатсияи аз меъёрхои шабохат тартибдодашуда меъёрхои монандии ходисоти физикии муоинашаванда низ мебошад.

Параметрхои физикии авдозаноке, ки ба меъёри шабохат мансубанд, барои системахои монанд киматхои гуногун дошта метавонанд; факат меъёрхои беандозаи шабохат бояд якхела бошанд. Махз хамин хосияти системахои монанд асоси моделсозии физики мебошад

Ад.: Седов Л. И., Методы подобия и размерности в механике. М.. 1972.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …