Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи радикалхо

Назарияи радикалхо

Назарияи радикалхо яке аз назарияхои асосии химияи нимаи якуми асри 19. Асоси онро тасаввуроти А. Л. Лавуазе оид ба ахамияти мухими оксиген дар химия ва духелагии таркиби пайвастхои химияви ташкил медихад. Лавуазе (1789) аз истилохи радикал (аз лот. radix — реша, асос, ки соли 1785 химики франсави А. Б. Гитон де Морво таклиф кардааст) истифода бурда, изхори акида кард, ки кислотахои гайриорганики аз оксигену радикалхои сод- да (аз як элемент) ва кислотахои ор­ганики аз радикалхои мураккаби карбогидридхою оксиген иборатанд.

Кашфи сиан (CN)2 (Ж. Л. Гей-Люс­сак, 1815) ва монандии байни сианидхо KCN, AgCN, Hg(CN)2 ва хлоридхо КСl, AgCl, HgCl2 мавкеъи мафхумро дар бораи радикалхои мураккаб (хамчун гуруххои атомхое, ки тагйир наёфта аз як пайваст ба пайвасти дигар мегузаранд) кавитар кард. Дар инкишофи минбаъдаи Назарияи радикалхо хи- микони немис Ю. Либих, Ф. Вёлер, химики франсави Ж. Дюма ва дигарон сахми калон доранд. Соли 1832 Либих ва Вёлер аз гурухи атомхои бензоил С7Н5О хосил шудани пайвастхои С7Н5ОН (алдегиди бензои), С5Н7ОСl (хлориди бензоил) ва (С7Н50)2О (ангидриди бензой)-ро нишон доданд. Соли 1834 Ж. Дюма ва Э. Пелиго барои CH3 номи «метил» (СН3Сl — хлориди метил, СН3ОН — спирти метил) ва Ю. Либих барои С2Н5 номи «этил» (C2H5CI — хлориди этил, С2Н5ОН — спирти этил)-ро дохил карданд. Солхои 1840—1850 дар натичаи кашф шудани як катор далелхои бо он мукобилхои Назарияи радикалхоро наварияи навъхо шрифт. Бо вукуди он назарияи мазкур барои ба вучуд омадани наза­рияи сохти химияви мусоидат кард. Ниг. низ Радикалхои озод.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …