Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи «коиноти тасфан»

Назарияи «коиноти тасфан»

Назарияи космологиест, ки дар он мархалахои аввалини инкишофи Коиноти том таъбири физики ёфтаанд. Олими белгияги Жорж Леметр натичаи мушохидахои астрономии Эдвин Хабблро тахлилу таркиби фи­зики карда ба хулоса омад, ки Коинот дар гузаштаи дур дар як пола­ти фавкулодда зич буду бо мурури замон ба чувбиш омада, сахт таркид ва дар нихояти кор ба холати хозира расид (олами беист васеъшаванда). Аввалин тахкикоти космогонии Леметр мисли корхои А. А. Фридман ба зуди фаромуш шуд ва факат пас аз 20 сол аз нав мавриди назар гардид. Физики америкои Г. А. Гамов ба комёбихои навини физикаи ядро такя намуда, масъалаи огози чараёни васеъшавии Коинотро аз сари нав тахкик карда баромад. Аслан уро проблемаи ташаккули табии ва пахншавии элементхои химмиви дар кайхон ба худ чалб карда буд.

Шарту шароити физикии барои ташаккули элементхои вазнин лозимро хамачихата омухта, олим ба хулоса омад, ки элементхои мазкур танхо дар гузаштаи дур, дар зинахои аввалини тахаввули Коинот, дар сурате ки моддаи кайхони дар холати багоят зич ва фавкулода тафсон буд, ба вучуд омада метавонистанд. Дар нати- ча Г. А. Гамов такомули фарзияи Леметрро раво донист. Бино ба «мо­дели тафсон»-и Гамов, «тухми кайхонии» Леметр зотан аз анбухи нейт­ронхои басо чафс иборат буд (як сантиметри мураббаи ин нахустмодда млрд-хо тонна вазн дошт!). Дар натичаи таркиши тухми мазкур бошад, як навъ алангаи бемислу монанде ба вучуд омад, ки харораташ ба 3 млрд дарача мерасид. Аниктараш, ин харорати Коинотест, ки синнаш баробари 20 сон аст, яъне сухан дар бораи шароити физикие меравад, ки 20 сон баъд аз «Таркиши Бузург» ба амал омадааст. Агар санахои аз ин хам барвакттари тараккиёти Коинотро назар афканем, аён мегардад, ки материяи кайхони дар холатхои аз ин хам гармтар (сузонтар) будааст. Бунёди элементхои химияви айнан дар давоми аввалин 30 дак. «хаёти» Коинот ташаккул ёфтааст: порахои тухми ибтидои

нейтронхои алохида дар навбати худ ба электронхо ва протонхо чудо шудаанд ва сони ин заррахо ба нейт­ронхои бокимонда пайваст шуда, ядрохои атомхои ояндаро ба вучуд овардаанд.

Модели тафсони Гамов бар хилофи бештарин моделхои дигари кос­мологи абстрактниход набуд, балки фарзияи конкретии астрофизикие буд, ки роххои тафтишу санчиши хулосахои худро мукаррар мекард. Чунончи, Гамов пешгуи намуд, ки дар фазои кайхон бокимондахои нахустафканишот хануз хам хастанд; хамкорони у Алфер ва Герман бошанд, мукаррар намуданд, ки агар осори алангаи ибтидои дар хакикат хам хануз бошад, пас харор. хозираи вай аз руи шкалаи Келвин ба 5 дарача баробар аст. Бо вучуди чунин хулосахои дакику аёни физики, танкикоти Гамов ва шогирдони у аз доираи эътибори ахли илм берун монд. Албатта он солхо (1946—1948) радиоастрономия хануз дар гахвора буд ва тачхизоти хассосу дакиккори кайдгире надошт, ки ин кадар афка- нишоти сустро ошкор карда тавонад. ‘

Аз ин ру хам физикхо паи барсохтани накшахои нави «азал» кушиданд. Чунончи, акад. Я. Б. Зел­дович ба ном «модели хунук»-ро пешниход намуд, ки мувофики он плазмаи ибтидои, ё агар образнок карда гуем, атолаи заррахои нахустини олам аз омехтан протонхо, нейтронхо ва нейтринохои хунук иборат буд. Се сол пас (1964) И. Д. Новиков ва А. Г. Дорошкевич ду мо­дели имконпазири «азал»—модели тафсон ва модели хунукро ба хам мукоиса намуда, рохи санчиши амалии онхоро мукаррар карданд. Спектри афканишоти ситорахо ва манбаъхои кайхониро омухта, олимон ба хулоса омаданд, ки андозагирии аст­рофизики дар диапазони кутохи радиомавчхо (дар фосилаи аз 0,06 см кашида то 30 см) гирехи масъаларо хохад кушод: агар бокимондахои аф­канишоти аввала, яъне шуоъхои гармие, ки плазмаи заррахои нахустин аз худ бароварда буд, кашф кар­да шаванд, пас модели тафсон дуруст аст ва агар онхо ёфта нашаванд, ин аломати дурустии модели хунук мебуд.

Дар айни замон як гурух мутахассисони америкои дар Принстон бо рохбарии физики маъруф Роберт Дикке, бехабар аз тахкикоти пешинаи Гамов, Алфер ва Герман, аз са­ри нав модели тафсони «азал»-ро пешниход намуданд. Аслан онхо рафтори модели «лаппанда» (васеъу фишурдашаванда)-ро тадкик мекарданд ва донистан мехостанд, ки дар мавриди мазкур Коинот аз як холат ба холати дигар чи хел мегузарад. Олимони америкои ин масъалаи мухими физикиро андеша намуда, хулоса бароварданд, ки Коиноти хозира дар огози тараккиёташ дар хола­ти фишурдашуда буда, харораташ ба 10 млрд дарача мерасад. Бо ибораи дигар, Коинот «кураи оташафшоне»-ро мемонд, ки зотан мухити багоят зич ва тафсон буда, аз худ сели калони нури гармиро меаф- канд. Мутахассисони принстони ай­нан паи дарёфтани бокимондаи ана хамин афканишот шуданд, ки мебоист то макону замони мо омада расад.

Аъзои гурухи тахкикотии Р. Дик­ке аз лабораторияи физикии Палмер Р. Г. Ролл ва Д. Т. Уилкинсон хамон замон ба ихтироъ ва озмоиши дастгохи кайдгир шуруъ намуданд, то ки афканишоти гумонзадро ошкор созанд. Вале хануз дастгохи онон тайёр нашуда ва аз озмоиш нагузашта буд, ки Арно Пензиас ва Роберт Уил­сон як афканишоти номаълумро ба кайд гирифтанд: он новобаста ба самти назар якзайл «шавкун» карда, ба радиоалока халал мерасонд. Андозагирихои минбаъдаи Ролл ва Уил­кинсон, Хоуэлл ва Шейкшафт ва дигарон бо камоли аники исбот карданд, ки мушохидахои Пензиас ва Уилсон тасодуфи набуда, балки айнан гувохии онанд, ки дар фазои кайхон бокимондахои афканишоти нахустин хастанд; факат вай акнун хеле хунук шудааст (дарачаи харораташ хамаги 3 дарачаи Келвин).

Ана хамин тавр модели «Коиноти тафсон» дар амал собит шуд. А. Пензиас вa Р. Уилсон барои кашфи афканишоти бокимонда бо мукофоти Нобели сарфароз карда шудаанд (соли 1978).

Ад.: Турсунов А., Банди фалак, Д., 1976; хамон му а л л., Философия и современная космология. М., 1977; 3 е л -д о в и ч  Я. В., Н ов и к о в И. Д.. Строе­ние и эволютсия Вселенной, М., 1975; С. Вайиберг. Первые три минуты. М., 1981.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …