Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи алгоритмхо

Назарияи алгоритмхо

Назарияи алгоритмхо, як фасли математикаро гуянд, ки хосиятхои умумии алгоригленоро меому­зад. Ходисаное, ки боиси ба вучуд омадани мафхуми «алгоритм» гардидаанд, дар тамоми таърихи мавчудияти математика вомехуранд. Аммо худи мафхум танхо дар асри 20 пурра ташаккул ёфт ва факат солхои 20 асри 20 дар тадкикоти намояндагони интуитсионизми математики Л. Э. Я. Брауэр ва Г. Вейл мавчуи алохида гардид. (Худи истилохи «алгоритм» аз тарзи навишти номи олими маъруфи Ачам Мухаммади Хоразми баромада омадааст.) Аз соли 1936 cap карда Назарияи алгоритмхо мунтазам инкишоф ёфт. Хамон сол математики америкои А. Р. Чёрч бори нахуст мафхуми функсияи хисобиро дакик баён намуд ва аввалин мисоли функсияи гайрихисобиро нишон дод. Математикони америкои А. М. Тюринг ва Э. Л. Пост бори аввал мафхуми алгоритмхоро дар асоси мафхумхои хисобмошинхои идеализиронидашуда баён намуданд. Минбаъд дар асархояшон математикхо С. К. Клини, А. А. Марков ва дигарон Назарияи алгоритмхоро ин­кишоф доданд. Масалан, А. А. Марков барои аник кардани мафхуми алго­ритм мафхуми алгоритми нор­малиро чори намуд. Усули бештар умумии аник намудани мафхуми алгоритмро А. Н. Колмогоров пешниход кардааст. Ниг. низ Алго­ритм.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …