Маълумоти охирин

Навруз

Навруз иди бостони ва анъанавии халкхои эрони (баъдтар дар байни дигар халкхои гайриэрони низ чори шудааст), ки ба рузи аввали солшумории шамси — 1-уми фарвардин (хамал) ё 21 марти солшумории милоди рост меояд. Наврузро дар баъзе чойхо «Иди сари сол» ва «Иди Соли нав» низ меноманд. Такрибан 3 хазор сол мукаддам пайваста ба инкишофи дехкони пайдо шуда, минбаъд такмил ва ривоч ёфтааст. Таърихи ташаккули Навруз бо асотири космогони оид ба табиати муранда (дар зимистон) ва зиндашаванда (дар бахор) вобаста будааст. Дар ахди Хахоманишиён ба хукми анъана даромада, ба иди расмии эрониён табдил ёфт. Аксарияти асотиру ривоятхои босто­ни огози чашни Наврузро ба Чамшед нисбат медиханд. Дар Осиёи Миёна ва Эрон аз асри 7 то мелод таквими авестои чори буд. Мувофики ин таквим солро ба 12 мохи 30 руза таксим карда буданд. Хар 30 рузи мох номхои махсус дошт, ки яке аз он рузхо бо номи он мох хамном буд ва он рузро чашн мегирифтанд. Аз ин 12 чашн 3-тоаш аз сабаби он ки дар ин рузхо холати табиат тагйир меёфт, мухимтар шуморида мешуд. Чашни аввали бахорро Навруз, чашни аввали тирамохро Мехргон, чашни рузи 10-ум и бах- манмох (30 январ)-ро, ки панчох руз пеш аз Навруз меомад, Сада мегуфтанд. Чашни Навруз айёми баробар шудани шабу руз, хангоми эхёи табиат, огози мавсими бахории киштукори дехкони буда, нисбат ба дигарон чашнхо эътибори бештаре дошт. Дар бораи чанд руз чашн гирифтани Навруз акидахои мухталиф мавчу- данд. Мувофики маълумоти Абурайхони Беруни шохони сосони Наврузро шаш руз чашн мегирифтанд. Онхо рузи аввали Наврузро бо кабулу пазироии мардум мегузарониданд. Рузи дуюм мансабдорон ва давлатмандонро кабул намуда, сухбат меоростанд. Рузи сеюм мубадон (рухониёни ахли зардушт), рузи чахорум ахли дарбор, рузи панчум фарзанду хешу таборонро пазирои мекарданд. Рузи шашум, ки расид, худи шох Наврузро ид мекард. Барои хамин хам чашни рузи шашумро Наврузи Бузург номидаанд. Бояд кайд кард, ки дар Осиёи Миёна, Эрон, Озарбойчон Наврузро 13 руз чашн мегирифтаанд ва рузи 13-ум аз манзили худ ба беруни шахр ба сайл мебаромадаанд, ки онро холо дар «Эрон «Сенздахбадар» меноманд. Арабхо баъди истилои Осиёи Миёнаю Эрон кушиш карданд, ки чашн- хои кадимаю анъанавии халкхои махалллиро аз байн баранд. Вале халк ба тазйич ва мамониати ачнабиён нигох накарда, Наврузро чашн мегирифт. Арабхо ноилоч Наврузро «Суннати Чамшед» номида, ба чашнгириаш ичозат доданд. Ба ивази хафт шин (шакар, шамъ, шарбат, шароб, пинни, шир, шона) хафт син чори шуд: дастархонро бо хафт навъи неъмат, ки бо харфи син шуру мешуд, оро медоданд: сирко, сабзи, сумок, санчит, сир, себ ва сипанд. Дар баъзе хонахои ба чои сумок ва сипанд сабза, суманак ё санбуса хозир мекунанд. Дар ахди Сомониён барои равнаки анъанахои бостонии халки точик ва халкхои дигари Мовароуннахру Хуросон шароити мусоид фарохам омад. Дар ин давра Навруз ва Садаю Мехргон васеъ чашн гирифта мешуданд. Мувофики маълумоти Абубакр Мухаммеди Наршахи Наврузро аввал кишоварзон дар рузи 1-уми фарвардин, баъд панч руз мугон (оташпарастон) ид мекарданд, ки аз ин ру «Наврузи кишоварзон» ва «Наврузи мугон» меномиданд. Аксари шоирони асрхои 10—11 дар васфи Навруз, Мехргон ва Сада шеърхо офарида- анд. Навруз дар ахди Газнавиён, Салчукиён, Хоразмшохиён ва хатто баъди истилои мугул аз тарафи халки мехнаткаш ботантана ид карда мешуд. Мардум ба пешвози Навруз тайёри медиданд, хонахоро рубучин карда, тоза нигох медоштанд ва оро медоданд. 25 руз пеш аз Навруз дар зарфхои мах­сус гандуму адас сабзонида, дар руи дастархон мегузоштанд ва омади кишти дехкониро аз руи холату сабзиши онхо пешбини менамуданд. Ба истикболи ин чашн таомхо, хал­вою ширинихои гуногун мепухтанд. Хонхои наврузиро бо хафт навъи мева, самбусаю нонхои гуногун зинат медоданд. Аз хафт дарахти ме­ва хафт шохча бурида, руи дастар­хон мениходанд. Дар Самарканду Бухоро, Хучанду Хисор, Каротегину Дарвоз, Бадахшону Кулоб ва дигар чойхо идгоххои махсус вучуд дошт. Харгуна дилхушихо ва бозию сайрхои халки баргузор мегардид (дар баъзе нохияхои хозираи Точикистон, аз чумла дар Ленинобод Наврузро 21 март не, балки 7 март чашн мегиранд). Пас аэ Рев. Каб. Сотсиалистии Октябр ин чашни кухан мазмуни нав пайдо кард. Холо бародарони узбек, озарбойчони ва дигар халкхои Кавказ мис- ли точикон 21—22 март Наврузро тантанавор кайд менамоянд. Рузхои ид дар шахру дехот зиёфатхо барпо мекунанд, мераксанд, шеъру суруд ме- хонанд, хашархо ташкил намуда, шахру дехахо, роху чуйхоро ба тартиб меоваранд, нихолхо мешинонанд. Дар ин чашн мардум аз руи анъана кабри гузаштагони худро зиёрат мекунанд, онро ба тартиб меандозанд, Одамон якдигарро бо ид табрик менамоянд, ба мехмони таклиф мекунанд, чавонон дар чойхои хушманзара сайр мекунанд. Навруз дар замони мо ба иди огози нек, мехнат, иди назм, тарабу нишот, чавони ва дустии халкхо табдил ёфтааст. Омар Хайям, Трактаты, М., 1961; Ах­мадов Р., Наврузи оламафруз, Д., 1978.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.