Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Навои вилояти Узбекистон

Навои вилояти Узбекистон

Навои вилоятест дар хайати РСС Узбекистон 20 апрели 1982 ташкил шудааст. Дар Шимол бо Казокистон, дар Fарб бо РАСС Карокалпокистон, дар Ч.— F. бо вилояти Кашкадарё, дар Шарк бо вилояти Самарканд ва дар Чануб бо вилояти Бу­хоро хамсархад аст. Масохаташ—110,9 хазор км2. Ахолиаш 542 хазор. нафар (1982). Ба 8 райов, 6 шахр таксим шуда, 6 птш дорад. Марказаш шахри На­вои. Иклими Навои континентии шадиди хушк мебошад ва аксари территоряи он дар худуди биёбони Кизилкум вокеъ гардидааст (баландии махал то  922 м аз сатхи бахр). Харорати хаво мохи январ —12—15° С, мохи июл 35—40° С. Дарёи асосиаш Зарафшон, як обанбор дорад (обанбори Куимазор). Хокаш маргзори, аллювиали ва ботлокию аллювиали. Набототаш асосан буттахои ксерофили, эфемери, эфемероиди. Саноати Навои асосан бо истехсоли нурихои минерали, воситахои химиявии мухофизати растани ва нахи сунъии нитрон машгул аст. Иттихо- дияи истехсолии «Навоиазот», ки соли 1961 ба кор даромад, дар Осиёи Миёна калонтарин буда, соли 1981 1 млн 654 хазор т нурии минерали, 472 хазор т аммиак, 18,57 хазор т нитрон баровард. 3аводи электрохимиявии Навои котораг, изофен (дар оянда фозалон, трефлан) ном воситахои химиявии мухофизати набототро истехсол мекунад. 3аводи сементи Навои дар РСС Узбекистон калонтарин мебошад. ГРЭС-и Навои соли 1981 5 млрд 718 млн кВт-соат электроэнергия истехсол карда буд. Пахтаи вилоят дар заводхои На­вои, Хатирчи ва Кизилтеппа тоза карда мешавад. Саноати истихроч маъдан металлхои киматбахо ва аз кони Зарафшон тилло истихроч мекунад. Саноати сабук ва хуроквори низ хеле таракки кардааст (заводхои шир дар Навои ва Учкудук заводи нонпазии Навои). Кони истихрочи мармар дар Гозгон ахамияти умумииттифоки дорад. Дар хочагии кишлок сохахои асоси пахтакори, кирмакдори ва пар­вариши гусфанди карокули аст. Соли 1981 198,5 хазор т пахта, соли 1982 зиёда аз як млн. дона пусти карокули ва 890 т пилла истехсол карда шуд. Навои 103 колхозу совхоз, 2 фабрика и паррандапарвари ва 10 млн 325 хазор га замин дорад, ки аз он 104,1 хазор га кишт карда мешавад. Зироати асосии хуроки чорво чуворимакка ва юнучка аст. Сабзавоткори, богдори, токдори хеле равнак дорад. Соли 1982 Навои 7,8 хазор га бог дошт. Дар Навои 303 китобхонаи оммави, 664 клуб, 11 кинотеатр хаст (1982). Фи­лиала Институти политехникии Тошкент ба номи Беруни дар шахри Навои амал дорад. Ду г.-и вилоятй «Дустлик байроги» (ба забони узбеки) ва «Знамя друж­бы» (ба забабони руси), 1 г. шахри — «Зарафшанский рабочий» ва 7 г. райони хастанд, ки ба забонхои узбе­ки ва казоки мебароянд. Радиои ви­лоят ба забонхои узбеки, руси ва казоки барномахо мешунавонад. Соли тахсили 1961—1982 дар Навои 295 мактаби миёнаи маълумоти умуми буд, ки 135,4 хазор талаба дошт. Барои фарзандони чупонону чорводорон 90 мактаб-инртернат хаст, ки дар онхо 3316 талаба тарбия мегирад. Дар 26 омузишгохи касбхои техники 11733 талаба мехонад. Соли 1982 дар Навои 377 муасоисаи табобати буд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …