Маълумоти охирин

Натюрморт

Натюрморт (франс. nature morte — табиати бечон), жанри санъати тасвирист, ки дар он гул, мева, сабзавот, парранда, ашьёи рузгор, дастархони пурнеъмат, олоти чудогона» мехнат ва гайра тасвир карда мешавад. Чуз ашьёи бечон (масалан, ашьёи рузгор) дар Натюморт предметхои табиати зиндаро аз мавкеи табииашон чудо карда, хамчун чизи алохида тасвир мекунанд (масалан, мохи, гулдаста ва гайра). Инчунин тасвири мавчудоти зинда амсоли хашарот, парранда, дарранда ва хатто одамон ба Натюморт бегона нест, ба шарте, ки онхо максади аслиро кувват диханд ва пурратар кунанд. Хабибуллоев Натюрморти поми­ри, 1964.

Тасвири ашё дар Натюрморт мохияти хоси бадеи дорад ва рассом метавонад дар он образхои мукаммалу маънихои ганиро инъикос намояд. Пайдоиши Натюрморт бо таквияти услуби реалисти дар санъати тасвири алокаи узви дорад. Нахустин намунахои чудогонаи Натюрморт дар фрескахои Мисри Кадим ва намояхои давраи эллинизм дучор меоянд.

Натюрморт дар Европа хамчун жанри мустакил дар асри 17 ташаккул ёфт. Дар инкишофи он киссаи рассомони Италия (М. Каравачо, П. Бонци, Ч. Рекко), Голландия (П. Клас, В. Хеда, В. Калф), Фландрия (Ф. Снен- дерс, Я. Фейт), Испания (Ф. Сурба­ран, А. Переда) ва гайра калон аст. Натюрмортнигори дар асрхои 18—19 бо саъйи рассомон Ж. Шарден, Э. Делакруа, П. Сезанн (Франция), Ф. Гойя (Ис­пания), В. ван Гог (Голландия), Ф. П. Толстой, И. Т. Хруцкий (Рос­сия) ба бисёр бозёфтхои тоза но­ил гардид. Анъанахои реалистии Натюрмортро рассомони барчастаи асри 20 Д. Ривера, Д. Сикейрос (Мексика), Р. Гуттузо (Италия), алалхусус рас­сомони рус — К. А. Коровин, И. Э. Грабарь, М. Ф. Ларионов ва дигар инкишоф доданд. Рассомони совети (П. П. Кончаловский, И. И. Машков, А.          В. Куприн, М. С. Сарьян ва дигар) жанри Натюрмортро ба пояи баланд бардошта, чанбахои реалистии онро такмил доданд. Натюрморт дар эчодиёти рассомони точик солхои 50 маком пайдо кард. Натюрмортнигорони намоёни точик П. И. Фальбов, М. Хушмухаммадов, 3. Хабибуллоев, И. Абдурахмонов ва дигар мебошанд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …