Маълумоти охирин
Главная / Илм / Натурфалсафа

Натурфалсафа

Натурфалсафа (аз лот. natuга —табиат ва фалсафа), фалсафаи табиат, таъбири назарии табиат. Натурфалсафа табиатро ба таври яклухт мавриди тадкик карор медихад. Ода- тан барон Натурфалсафа таъбирн гайритачриби ва мучарради ходисахои олам хос аст. Дар ибтидо Натурфалсафа барои ташаккули фалсафа роли мухим бозид ва аз асотиру тахайюлоти мавкум бевосита ба чустучуи асоси моддии ходисоти олами хасти кушид. Бинобар ин Натурфалсафаро метавон шакли аввалини фалсафа номид. Натурфалсафа муддати зиёде дар таърихи илм бинобар кофи набудани тачрибахои илми ва тадкики табиат шакли асосии тахлили наза­ри ба хисоб мерафт.

Файласуфони кадими Хинду Чин ва Юнон фикрхои чолиби диккате баён намуда буданд, ки барои тадкику санчишхои ояндаи илми тако­ни кави доданд. Масалан, фарзияи Де­мокрит ва Эпикур дар бораи аз атомхо иборат будани олам дар таъ­рихи фалсафа ва умуман илм, аха- мияти багоят бузургеро молик буд. Ё худ, кабл аз ин, андешаи натурфайласуфони мактаби Милет — Фа­лес, Анаксимандр, Анаксимен бо вучуди аз мазмуни асотири озод набудани тахминхояшон оид ба нахустмодда кимати зиёде дошт, зеро барои дигаргун шудани тасаввуроти космологи аз миён ба вучуд овард.

Фикрхои доир ба сохти Коинот, бахамнайвастагии ачроми самови ва

хамоханги» онхо хамчуп сози муси- кй (Пифагор), абадият» Коинот ва замон (Арасту) ва як сил сил а фикр- хои бнкри аз тарафи намояндагони фалсафа» табиат дар Юнопи Каднм пешпиходшуда тахкурсии инкишофи минбаъдаи фалсафа ва табиатшиноси гардиданд.

Дар асрхои миёна дар Шарки исломи дар баробари зинда гардидани афкори безаволи юнониён ва пеш аз хама Афлотуну Арасту Натурфалсафа мазмуни амиктар гирифт. Андешахои Зака­риёи Рози, Абунасри Фороби, Абуалии Сино, Абурайхони Беруни, Умари Хайём ва дигар дар бораи табиат (модда, харакат, замон, макон, нафс, гардиши фалак ва хоказо) аз мазмунхои материалисти саршор буданд.

Баробар» инкишофи капитализм дар Европа илмхои табии равнак ёфт ва ба онхо бештар шавк пайдо гардид. Дар замони Эхьёи Европа афкори Ч. Бруно, Б. Телезно, Т. Кампанелла ва дигар Натурфалсафаро боз рухи тоза бахшид. Акидахои пантеизми натуралисти ва гилозоизм инкишоф ёфт. Олимони ин давра ба табиат хамчун як узви том назар намуда, принципи айнияти олами кабир ва олами сагирро писандида буданд. Катъи назар аз боварии табиатши- носон ва олимони ин давр ба ирфон, алхимия ва амсоли ин дар афкори онхо оид ба инкишоф, муборизаи зидхо ва гайра  унсурхои мухимми диа­лектики баён гардидаанд.

Дар асрхои 17—18 дар Европа илмхои тачрибии табиатшиноси равнак ёфта, тарзу усули математикию ме­ханики бештар мавриди таваччух карор гирифт. Бинобар ин зарурат ба Натурфалсафа хамчун усули омузиши таби­ат аз байн рафт. Дар асри 19 намояндаи фалсафаи классикии немис Ф. Н. Шеллинг Натурфалсафаро боз ба майдони фалсафа чилвагар кард. Шеллинг комёбихои илмхои табиатшиноси, аз чумла кашфиёти Л. Гальвин, А. Вольт, А. Лавуазье, Р. Броун ва дигарро аз назари идеализми объек­тиви тахлилу чамъбаст кард. Мувофики акидаи идеалистии Шеллинг зиддияти кутбхо асоси тафрикаи тавхиди ибтидоии табиат мебошад, шаклхои олитарин бошанд ба хамон шаклхои одди ба савияи баланд иртифоъ ёфтаанд. Ин фикрхо магзи диалектики дошта, вале ба идеа­лизм ва илохиёт асос ёфта буданд. Карл Маркс ва Фридрих Энгельс муваффакият ва норасоихои Натурфалсафаро нишон дода, дар асри 19 ба он ру оварданро кадаме ба кафо медонистанд, зеро дар ин давра материализми диалектики ба таъбири ходисахои табиат василаи тавоное шуда, Натурфалсафа дигар аз ухдаи таъбир ва тадкику чамъбасти кашфиётхои илми баромада наметавонист.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …